Ифтитоҳи мавсими мотосиклронӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарори рақами 227 аз 5 майи соли равон «Дар бораи баргузор намудани чорабинии кушодашавии мавсими мотосиклронӣ -2017»-ро ба тасвиб расонд. Шаҳрдорӣ татбиқи қарори мазкурро ба зиммаи клуби   мотосиклронҳои «Ирбис» санаи 6 майи соли равон иҷозат дод.

Тавре Фарҳод Калонов, сарвари даста, ба хабарнигори «Тоҷикистон» иттилоъ дод,  дар маросими кушодашавии мавсими мотосиклронӣ-2017 аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина ва Тоҷикистон 200 мотосиклрон иштирок карданд.

Иштирокчиён дар замону муҳлати муқарраркардаи қарори шаҳрдорӣ дар шоҳроҳи мошингарди рӯ ба рӯи  «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе ҷамъ омаданд. Сипас, корвони зебои мотосиклронҳо ба клуби  мотосиклронии «Ирбис» рафта, дар маросими кушодашавии мавсими мотосиклронӣ ширкат варзиданд. Инчунин, аз рӯйи чиптаҳо бозии бурди мотосикл ҷараён гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *