Мусибат мардумро муттаҳид мекунад

Посухи сафири Россия дар Тоҷикистон И. С.Лякин-Фролов ба саволҳои хонандагони “Аргументы и факты в Таджикистане

Савол: Аз таҷриба бармеояд, ки дар давраи хурӯҷи пандемия, раванди ҳамоиш миёни Тоҷикистону Федератсияи Россия, ки дар заминаи рушди ҷаҳонишавӣ ва ҳамкориҳои судманд асос ёфтааст, то андозае коҳиш ёфт, аммо сокинони осоиштаи ҳар ду кишвар барқарорнамоии “беҳтарин рӯзҳо”-ро то ба ҳол дар сар мепарваранд. Ба редаксияи рӯзномаи  “Аргументы и факты в Таджикистане”  номаҳои зиёди хонандагон аз Россия ва Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ба онҳо посух гӯед.

Аз рӯзҳои аввали паҳн гаштани пандемия парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Россия қатъ гардид. Ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон гоҳу ногаҳ парвозҳои чартериро ба фурудгоҳҳои Россия анҷом медиҳанд, аммо чунин кор танҳо ба хотири интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан ва аз Тоҷикистон бозгашти шаҳрвандони Россия ба қаламрави ин кишвар  аст. Шумо чӣ назар доред, сарҳадот миёни Россия ва Тоҷикистон ҷиҳати парвози мунтазам ва ё интиқоли мусофирони ҳар ду кишвар тариқи роҳи оҳан боз мегардад?

И.С.Лякин-Фролов: —  Воқеан ҳам, пандемияи коронавирус дар ҳаёту зиндагии мардуми одӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ оварда, ҳатто дар муносибот миёни давлатҳо таъсир гузошт ва ҳукуматро водор намуд, то парвозҳои пай дар пайро ҷиҳати пешгирӣ аз оқибатҳои паҳншавии бемории сироятӣ қатъ созад. Ба касе пӯшида нест, ки баста шудани марзҳо ба иқтисодиёти аксар аз кишварҳо таъсири амиқи худро гузошт. Бо вуҷуди ин ҳама, ҳатто дар чунин шароити номусоид барои Россия ва Тоҷикистон, гуфтугӯи фаъолу судманди сиёсӣ миёни ду кишвар идома дорад. Сафари расмии муовини Раиси Ҳукумати Россия А. Л. Оверчук дар моҳи августи соли равон ба шаҳри Душанбе ва ҳамзамон, иштироки ҳайати бонуфуз аз Россия ҷиҳати назорат аз болои интихоботи Президенти Тоҷикистон, аз ҷумлаи иқдомоти умедворкунандаанд. Ҳамчунин, баргузории дигар аз чорабинии муҳим – ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Россия ва Тоҷикистон  оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ низ мавриди коркарду баррасӣ қарор дорад.

Агар сухан аз ҳамкориҳои иқтисодӣ равад, пас Россия ба мисли пештара ҳамчун шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳамчунин, дар ҷодаи низомӣ низ ҳамкориҳои судманду фаъол дорем: Дар Тоҷикистон базаи ҳарбии 201-уми Россия мустақар аст ва он солҳои зиёдест, ки ҳамчун кафили устувориву амният дар минтақа эътироф гаштааст. 

Москва аввалин шуда ба дархости Душанбе оид ба расонидани ёрӣ дар мубориза бо сирояти коронавирус иқдом гузошт. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти ташхисии тестӣ оварда шуда, коршиносони “Роспотребнадзор”, ҷиҳати таҳкиму устуворбахшии низоми миллии тандурустӣ дар Тоҷикистон, кори зиёдеро амалӣ карданд. Чунин амалкард, мисоли равшани хусусияти барҷастаи иттифоқу ҳамбастагии муносибот миёни Россия ва Тоҷикистон  аст.

Аз моҳи май то сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба самти Россия  59 хатсайри парвози рафтуомади мусофирон ташкил гардида, беш аз 700 нафар шаҳрвандони Россия ва 2300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар асоси фармоиши Ҳукумати Федаратсияи Россия аз 16 марти соли 2020, №635-р ҷиҳати сафар ба Россия сабабҳои зурурӣ доштанд, вориди кишвари мо гардиданд.  Айни замон имконияти парвоз тариқи кишвари сеюм – АМА ва дар рӯзҳои наздик тавассути Туркия низ мебояд сурат гирад.

Азнавҷоринамоии мунтазами парвозҳо дар мадди аввал аз ҳолати санитарӣ-эпедемиологӣ дар кишварҳои мо вобастагӣ дорад. Дар амалӣ кардани тарҳу нақшаи алоқаи роҳи оҳан низ мавқеи давлатҳои интиқолдиҳанда таъсиргузор хоҳад буд.

Савол: Ба идораи рӯзнома сокинони Федаратсияи Россия, онҳое, ки ҳамасола дар истироҳатгоҳҳое, ба монанди “Гарм чашма”, “Хоҷа Оби гарм” ва дигар табобатгоҳҳо саломатии худро таҳким бахшидаанду тӯли  солҳост, ки саломатиашон побарҷост, муроҷиат мекунанд. Онҳоро бештар як суол дар зеҳн аст: Кай имкони дигарбора боздид аз истироҳатгоҳҳои табобатӣ дар Тоҷикистон фароҳам меояд?

И.С.Лякин-Фролов: — Дар чунин шароите, ки парвозҳои мунтазам, бахусус хатсайрҳои парвози мусофирон аз Тоҷикистон ба Россия, коҳиш ёфтааст, сафари кӯтоҳмуддат ба сарчашмаҳои табобатии Тоҷикистон метавонад сафари сайёҳонро, мутаассифона,  тӯлонӣ созад.  Дар робита ба ин, сафари шаҳрвандонро то барҳам додани маҳдудиятҳои ҷорӣ ба парвозҳо тавсиа намедиҳем.  

Савол:  Шаҳрвандони  Тоҷикистон, ки дар Ватан зиндагӣ доранд, муҳлати муқарраргаштаи Федератсияи Россия  роҷеъ ба дарёфти шаҳрвандии онҳо ба охир мерасад. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

И.С.Лякин-Фролов: — Онҳоро лозим аст, то ҷиҳати фаҳмонидани масъалаи бамиёномада бевосита ба мақомоти минтақавии ВКД Россия, ки қаблан дархост барои қабули шаҳрвандӣ ва додани иҷозат барои сукунат пешниҳод кардаанд, муроҷиат кунанд.

Савол:Игор Семёнович,  роҷеъ ба масъалаи донишҷӯёни тоҷик, ки шомили муассисаҳои олии таълимии Россия гаштаанду аммо то ҳанӯз имкону тавони расидан ба ҷойи лозимаро надоранд,  Илҳом Камолзода, сардори Раёсати алоқаҳои байналмилалии Вазорати илм ва маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад: «Бо мусоидати ВКХ-и ҷумҳурӣ, мо ба 7 кишвар номаи расмӣ ирсол кардем. Украина ва Беларус ҷиҳати қабули донишҷӯёне, ки шомили макотиби олии онҳо гаштаанд, изҳори омодагӣ кардаанд ва ба хотири сафари донишҷӯён аллакай парвозҳои чартерӣ ташкил карда шудааст. Аммо ҷониби Россия то ба ҳол дар ин самт ҳеҷ посухе надодааст”.

Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳалли муваққатии мушкилот, аз донишҷӯёни дар Ватан дармонда пешниҳод кардааст, то машғулиятҳои фосилави (дистантсионӣ)-ро роҳандозӣ созанд. Аммо донишҷӯён бар ин назаранд, ки онҳо ҳеҷ иттилое надоранд, ки оё муассисаҳои олие, ки онҳо шомил мешаванд, машғулиятҳои фосилавиро ташкил мекунанд ё не. Агар чунин тарзи машғулият ҳам сурат гирад, мушкилоти навбатӣ машғулиятҳои онлайниро доман хоҳад зад: сифати пасти алоқа дар дохили Тоҷикистон ва ҳамзамон арзиши баланди хизматрасонии  интернет. Донишҷӯёни макотиби олии Россияро аз Тоҷикистон ба Россия кай интиқол медиҳанд?   

И.С.Лякин-Фролов: — Шахсан изҳор медорам, ки муҳимияти масъалаи мазкур ва нороҳатии волидайнро нисбат ба тақдиру қисмати фарзандонашон хуб дарк мекунам. Шумо хуб мефаҳмед, ки миёни Россия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ пурсамар рушд доранд ва ҳар ду ҷониб хостори ҳалли ҳар чӣ зудтари қазияанд.

Мутаассифона, донишҷӯёни тоҷик низ ба мисли дигар донишҷӯёни кишварҳо, алъон имкони сафар кардан ба Россиро надоранд. Дар навбати аввал ин ба хатари густаришу паҳншавии тезутунди коронавирус дар муассисаҳои олӣ, ки шумораи бештари одамон дар як фазои маҳдуд ҷойгиранд, иртибот дорад. Бо вуҷуди ин ҳама, масъалаи мазкур дар мадди назари Вазорати илм ва маълумоти олии Россия ва Ситоди фавқулоддаи  назди Ҳукумати Россия қарор дошта, дар маҷмӯъ ҳалли  пай дар пайи мушкилоти бавуҷудомада мавриди коркарду баррасӣ қарор дорад.

То ҷое ба мо маълум аст, айни замон қисмате аз макотиби олии Россия машғулияти донишҷӯёни хориҷиро дар шакли фосилавӣ роҳандозӣ кардааст. Бовар дорам, ки донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки шомили макотиби олии кишвари мо гаштаанд ва ё аллакай донишҷӯянд, дар баробари қабули қарори дахлдори Ҳукумати Россия имкон пайдо мекунанд, то сафари Россия намоянд. Мо ба ҳалли қарибулвуқӯи масъалаи мазкур умед мебандем.

Шариф Ҳамдампур

Москва аввалин шуда ба дархости Душанбе оид ба расонидани ёрӣ дар мубориза бо сирояти коронавирус иқдом гузошт. Ба Тоҷикистон таҷҳизоти ташхисии тестӣ оварда шуд. Чунин амалкард, мисоли равшани хусусияти барҷастаи иттифоқу ҳамбастагии муносибот миёни Россия ва Тоҷикистон  аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *