Илҳомҷон Фозилов. Аз хореограф то блогер

Илҳомҷон Фозилов, блогер, продюсер ва созандаи лоиҳаҳои «Хушдоманҳо», «Битва блогеров», «Қишлоқи сангин» ва ғайраҳо мебошад. Ҳоло ӯро дар Инстаграм зиёда аз 224 ҳазор нафар пайгирӣ мекунад.

Мавсуф дар шабакаҳои Инстаграм ва Ютуб хеле фаъол аст. Дар Инстаграм наворҳои хурди тарбиявӣ ва дар Ютуб сериали «Хушдоманҳо»-ро таҳия мекунад, ки садҳо ҳазор бинанда доранд. Ӯро ҳамчун эҷодкори асил ва аз таҳти дил ба ин соҳа машғул буданаш корбарони интернет пазируфта, дӯст медоранд.

Илҳомҷон ба маънои томаш блогери машҳури кишвар аст. Тавре аз суҳбатамон бо ӯ ошкор шуда буд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин нафарест, ки дар Инстаграм саҳифаи худро фаъол карда, фаъолияти блогериро шурӯъ намудааст.

Аниқтараш, соли 2013 ба фазои блогинг омадааст. То соли 2015 танҳо дар саҳифааш акс нашр мекард ва аз он сол сар карда, ба таҳияи наворҳо, махсусан саҳнаҳои филмҳо машғул шуд. Ҳамин тавр, дар як муддат ҳамчун вайнер дар ҷомеа шинохта шуд, аммо соли 2020 тасмим гирифт, ки беҳтар аст ба ҷойи наворҳои ҳаҷвӣ ба таҳияву пешниҳоди видеоҳои тарбиявӣ машғул шавад. То ҳол ин корро мекунад ва хеле муваффақ аст.

Акнун, саволии асосие, ки бояд дар ин матлаб ба он посух дода шавад: Илҳомҷон Фозилов пеш аз машҳур шудан чӣ гуна буд ва ба кадом корҳо машғул мешуд?

Қабл аз он, ки Илҳомҷонро ҷомеа ҳамчун блогер ва продюсер шиносанд, ӯ рассом ва хореограф буд. Ҳатто соли 2016 мавсуф дар барнома-озмуни машҳури “Танцы”-и ТНТ иштирок кардааст. Дар ҳақиқат он солҳо Илҳомҷон мехост ин ҳунарашро такмил дода, фикри баъзеҳоро, ки мегӯянд рақс кардан барои писар зебанда нест, иваз кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *