Илон Маск президенти ИМА мешавад?

Вакили Думаи давлатии Русия аз минтақаи Қрим Михаил Шеремет бар ин назар аст, ки президенти нави ИМА бояд соҳибкори амрикоӣ Илон Маск бошад. Дар ин бора РИА “Новости” хабар медиҳад.

“Одамоне ба мисли Илон Маск бояд президенти Иёлоти Муттаҳида шаванд, на мисли Ҷо Байден, ки кишварро ба қотили байналмилалӣ табдил дод”,- мегӯяд вакили Дума.

Қаблан соҳибкори амрикоӣ Илон Маск дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина бо нигоҳ доштани Қрим дар ҳайати Русия ва баргузории ҳамапурсии такрорӣ таҳти назорати СММ дар вилоятҳои Донбасс, Херсон ва Запороже пешниҳод карда буд.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран Маск навишт, ки ба имкони пирӯзии Украина дар сурати ҷанги густарда бо Русия шубҳа дорад ва ҷонибҳоро ба сулҳ даъват кардааст.

Вай инчунин дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина пешниҳод кард. Дар баробари раъйдиҳии такрорӣ дар Донбасс таҳти назорати СММ, Маск нигоҳ доштани Қримро ҳамчун як қисми расмии Русия пешниҳод кард. Ин изҳороти Маск норозигии бисёриҳоро дар Украина, аз ҷумла раисҷумҳур Владимир Зеленскйиро ба вуҷуд овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *