ИМА алайҳи Қирғизистон таҳримҳо ҷорӣ кард

Вазорати молияи ИМА аз ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи чаҳор ширкати қирғиз хабар дод. Изҳороти расмии дахлдор дар портали интернетии Департаменти давлатии ИМА нашр шудааст.

Тавзеҳ дода мешавад, ки ин таҳримҳо ба далели интиқоли молҳои таҳримшуда ба Федератсияи Русия ҷорӣ шудаанд.

Дар ин рӯйхат ширкатҳое ба мисли RM Design and Development LLC (RMDD), Progress Leader LLC, GTME Technologies ҶСП ва ҶДММ Cargoline шомиланд.

Илова бар ин, ба ин феҳрист баъзе ширкатҳои русӣ шомил шудаанд, ки ба гуфтаи вазорати молияи ИМА, ин ширкатҳои қирғиз ба онҳо молҳои мамнуъро интиқол додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *