ИМА муҳоҷиронро бо пул меронад?

Ҳукумати ИМА гуфтааст, ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки ихтиёран ин кишварро тарк мекунанд, 1000-долларӣ мепардозад. Барои гирифтани ин пул муҳоҷирон бояд дар барномаи махсуси CBP Home сабти ном кунанд.

Баъди ин, аз Амрико берун шаванду тасдиқ намоянд, ки кишварро тарк кардаанд. Пас аз ин, ба онҳо 1000 доллар дода мешавад. Илова бар ин, дар сурати ихроҷи ихтиёрӣ, онҳо метавонанд ба кумаки мақомоти Амрико дар омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дарёфти маблағ барои харидани билети ҳавопаймо умед банданд. Вазорати умури дохилии Амрико интизор дорад, ки аз ин роҳ харҷи берун кардани муҳоҷирон то 70 дарсад кам мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *