Имрӯз дар Иттифоқи нависандагон 90-солагии Муъмин Қаноат таҷлил мешавад

Бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат имрӯз, 20-уми май дар шаҳри Душанбе маҳфили адабӣ доир мегардад. Чорабинӣ соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат мегирад.

Бино ба иттилои Иттифоқи нависандагони кишвар, дар чорабинӣ адибону нависандагон ва дӯстдорони шеъру сухан доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Муъмин Қаноат баромад мекунанд.

— Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиву сиёсии Тоҷикистон мебошад. Ӯ шоирест, ки аввалин навиштаҳояш бо хусусиятҳои миллии осор фарқ мекунанд. Ҷойгоҳи устод Муъмин Қаноат дар шеъри муосир чун шоири достонсаро баланд буда, дар ин масир камолоти беназир ёфта ва ба ҳадди устодӣ расидааст. «Достони оташ» ва «Мавҷҳои Днепр», ки аз аввалин осори ҳамосии шоир маҳсуб мешаванд, дар ташаккули бештари маҳорати бадеии шоир нақши бузург бозидаанд. Осори ӯ дар тарғибу ташвиқи ғояи созандагиву бунёдкорӣ дар байни чандин насли ҷавонон хидмати босазо карданд,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Муъмин Қаноат 20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, 18-уми майи соли 2018 аз ин олам даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *