Имрӯз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) дар гуруҳи «I» оғоз мешавад (аудио)

Имрӯз, 14-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гуруҳи «I» оғоз мешавад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур барои роҳхатҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мубориза мебаранд.

Тими ҷавонони Тоҷикистон бозии якуми худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) дар гуруҳи «I» бо дастаи Сингапур барпо менамояд.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Қобили зикр аст, ки ғолибони даҳ гуруҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-20), ки аз 1-уми март то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *