Имрӯз ҳарорати ҳаво то 35-40 дараҷа мерасад

Имрӯз дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат то 35-40 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 30-35 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  3+8 ва рӯзона +18+23 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +15 +20 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +15+7 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *