Имрӯз ҳаво+40+42 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ҷойҳо рӯзона боридани борон дар назар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон меборад. Ҳарорат шабона +13+ 18 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +26 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои мутахассисони Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 23 июл идома хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *