Имрӯз ҳавои хуб пешгӯӣ шудааст

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии Тоҷикистон,  имрӯз, 7 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат    ва раъду барқ  пешгӯӣ гардидааст.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз   дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои тағйирёбанда шуда,    ҳарорати ҳаво  дар ғарби вилоят      шабона  6-11 ва рӯзона 22-27 дараҷа хоҳад шуд.  Дар шарқи ин вилоят  шабона  аз   -3+2 дараҷа  ва рӯзона  12-17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон    низ ҳавои   тағйирёбанда,  дар баъзе ҳолатҳо   чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорати ҳаво   шабона  18-23   ва рӯзона  33-38  дараҷа хоҳад шуд.

Дар  вилояти Суғд ҳавои абрнок мегардад,   ҳаво дар водиҳо   шабона 14-19    ва рӯзона 26-31  дараҷа  гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар манотиқи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат  ва раъду барқ мешавад.  Ҳаво  шабона 13-18   ва рӯзона  31-36  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда      шуда,  гармии ҳаво шабона 14-16  ва рӯзона 33-35  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *