Имрӯз ҳаво хунук мешавад

Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе  минтақаҳо пастшавии ҳарорат пешбинӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 26 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва пастшавии ҳарорат пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят паст гардида, рӯзона 15-20 ва дар шарқи он  3-8 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 3-5  ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *