Шавкат Мирзиёев ба Туркия рафт

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 октябр бо даъвати ҳамтои туркаш дар доираи як сафари давлатӣ вориди шаҳри Анқара шуд. Ин нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон ба Туркия аст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон, дар гуфтугӯҳои сатҳи олии дуҷониб рушди ҳамкориҳои Тошканду Анқара дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва муборизаи муштарак зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуда, роҷеъ ба мушкилиҳои минтақавӣ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Интизор меравад, дар ҷараёни сафари Мирзиёев як қатор санадҳои дуҷониба имзо шаванд, ки ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла ташкили шароити беҳтар барои доираҳои тиҷории Ӯзбекистону Туркия равона шудаанд.

Президентҳои Ӯзбекистону Туркия бори ахир 10 сентябр дар доираи саммити Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон вохӯрда буданд. Чанде пеш Мирзиёев бо имзои як қарор низоми раводид (виза) бо Туркияро соддатар кард. Шаҳрвандони Туркия аз ин ба баъд метавонанд раводиди Ӯзбекистонро бидуни даъватнома дарёфт кунанд.

Ҳаҷми табодули кунунии мол миёни Туркия ва Ӯзбекистон 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ширкатҳои бинокории Туркия то ба имрӯз дар ин кишвар 110 тарҳро ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар иҷро кардаанд. Ҳаҷми сармояи ширкатҳои туркӣ низ дар Ӯзбекистон ба 1,2 миллиард доллар мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *