Маскав нархи патенти муҳоҷиронро боз баланд кард

Думаи шаҳри Маскав рӯзи 25 октябр нархи патенти муҳоҷиронро 4500 рубл барои як моҳ муқаррар кард.

То кунун нархи патент дар Маскав 4200 рубл буд. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, дидани муҳоҷиронро чандон хуш надорад, вале онҳо фақат аз ҳисоби патент ҳар сол ба буҷа 14 миллиард рубл месупоранд, ки аз ширкатҳои нафт ҳам бештар аст.

Думаи шаҳри Маскав нархи патент барои муҳоҷиронро дар пойтахти Русия 300 рубл, ё 7 фоиз боло бурд. Аз маркази матбуоти Думаи Маскав рӯзи 25 октябр ба сомона «Ахбор” гуфтанд, ки «ин қарор аз соли оянда ба иҷро медарояд ва ба ин тартиб, аз 1 январи соли 2018 ҳар муҳоҷир барои патент ё иҷозати кор дар пойтахти Русия 4500 рубл месупорад.”

То кунун нархи патент дар Маскав 4200 рубл буд. Аз соли ҳар муҳоҷир солона бояд фақат барои патенти кор дар Маскав 54 ҳазор рубл, ё қариб 1000 доллар пардохт кунад.

Владимир Ефимов, раҳбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди ҳукумати Маскав ба вакилони Дума гуфт, «нархи патент дар пойтахти Русия ду сол боз тағйир наёфтааст, вале дар ин муддат маошҳо дар Маскав 14 дарсад боло рафтанд ва ин зарурати бозбинии нархи патенти муҳоҷиронро пеш овардааст.”

Ду рӯз пеш мақомоти шаҳри Санкт-Петербург низ эълон карданд, ки аз соли нав нархи патентро 500 рубл боло мебаранд. Аз 1 январ нархи моҳонаи патент дар Петербург 3500 рублро ташкил медиҳад.

Рӯзи 25 октябр қабл аз иҷлосияи Дума шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ба хабарнигорон гуфт, арзиши патент барои муҳоҷирон дар пойтахти Русия бояд боло бурда шавад: «Албатта, мо мехостем ки муҳоҷирон дар ин шаҳр набошанд ва ҳамаи корҳоро худи сокинони Маскав анҷом диҳанд. Вале мо ду миллион ҷои кори изофӣ дорем ва сокинони Маскав, ҳатто агар бихоҳанд ҳам, имкону тавони пур кардани ин ҳама ҷойҳои кориро надоранд. Имсол, ба ақидаи ман, метавонем нархи патенти муҳоҷиронро боло барем, то ки онҳо баробари коргарони маҳаллӣ андоз бисупоранд.”

Сергей Собянин дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, бо онки дар Маскав ҳамагӣ 20 ҳазор нафари расман бекор сабт шудааст, дар шаҳр 170 000 пешниҳоди ҷои кор аст, ки ба ғайр аз муҳоҷирон касе ин камбудро пур карда наметавонад: «Имрӯз муҳоҷирон ба буҷа назар ба ширкатҳои нафт пули бештар месупоранд. Онҳо як манбаи даромади изофӣ мебошанд.”

Сергей Собянин қаблан ҳам гуфта буд, ки Собянин гуфт, ҳарчанд боварнокарданист, вале саҳми муҳоҷирон дар буҷаи шаҳри Маскав хеле бештар аз саҳми тамоми ширкатҳои нафтӣ мебошад ва солона танҳо аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон то 14 миллиард рубл, ё қариб 270 миллион доллар ба буҷаи шаҳри Маскав даромад меояд. Беш аз 6 миллиард рубли дигар аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон ҳар сол ба буҷаи вилояти Маскав ворид мешавад.

Муҳоҷироне ки мехоҳанд дар шаҳр ё вилояти Маскав кор кунанд, бояд аз Маркази Сахарово патент бигиранд. Соли гузашта ин марказ ба 1,2 миллион муҳоҷир патент додааст, аз ҷумла 813 ҳазор патент танҳо барои шаҳри Маскав.

Дар маҷмӯъ, ҳар сол аз ҳисоби патентфурӯшӣ ба муҳоҷирон буҷаи Русия 45 миллиард рубл, ё қариб 900 миллион доллар даромад ба даст меорад.

Дар Русия бино ба ҳисобҳо, то 1 миллион нафара з зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Ватан 1,9 миллиард доллар пул фиристоданд, ки баробари сеяки тамоми иқтисоди Тоҷикистон аст. Дар солҳои қабл аз бӯҳрон мардикорони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар сол ҳатто беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристоданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *