Христофор Колумб 567 сола шуд

Христофор Колумб (1451 – 1506) –баҳрнаварди  испанӣ аст. Ӯ кашфкунандаи заминҳои  қитъаи Амрико ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ӯ аввалин нафарест, ки дар уқёнуси Атлантик шино намудааст.

Имрӯз дар дунё ҳамчун рӯзи почта қайд карда мешавад. Иди почта дар Созмони милали мутаҳид низ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола, шурӯъ аз 9 октябри соли 1874 баъди ҳалномаи конгресси 14-уми Иттифоқи умумиҷаҳонии почта (Universal Postal Union), ин рӯзро ҳамчун рӯзи почта қайд менамоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯз кореягиҳо рӯзи алифбои худро қайд менамоянд. Алифбои забони Кореяро «Ҳангил (Hangul)» меноманд. Кореягиҳо ин идро аз замони шоҳигарии Шоҳ Седҷони Бузург (King Sejong the Great) ҷашн мегиранд.,
Русия бошад, ин рӯзро ба кормандони ҳолатҳои фавқулода (МЧС) бахшидааст. Ҳамасола санаи 9 октябр дар қисмҳои таъиноти махсуси сӯхторхомӯшкунӣ, маросими тантанавӣ бахшида ба иди касбии сӯхторхомӯшкунакҳо гузаронида мешавад.

Дар ин рӯз таввалуд шудаанд:
-Нуриддин Насимов (1958), 60- солагии зодрӯзи забоншинос.

-Нина Рекутина (1923-2006), 95- солагии зодрӯзи забоншинос.

-Тӯхтамет Тӯхтаметов (1918-1997), 100- солагии зодрӯзи доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Зодашудагони 10 октябр
-Абдуҳамид Абдуллоев (1948-2008), 70- солагии зодрӯзи олими соҳаи математика.

-Вячеслав Красичков (1898-1978), 120- солагии зодрӯзи селексионер, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

-Сафарбек Қосимов (1953), 65- солагии зодрӯзи журналист.

-Ҳабиб Мадиев (1933), 85- солагии зодрӯзи сарояндаи опера.

-Давлат Мамадризобеков (1938), 80- солагии зодрӯзи генерал-майор.

-Самад Мансуров (1968), 50- солагии зодрӯзи актёри театру кино.

-Қурбон Нуров (1948), 70- солагии зодрӯзи олими соҳаи математика.

-Тошқул Нурматов (1953), 65- солагии зодрӯзи олими соҳаи химия.

-Камолиддин Салоҳиддинов (1948), 70- солагии зодрӯзи олими соҳаи математика.

-Мэлс Салоҳуддинов (1938-2013), 80- солагии зодрӯзи доктори илмҳои физика ва математика.

-Ғайбулло Ҳалимов (1948), 70- солагии зодрӯзи журналист.

-Мирзоватан Ҳасаналиев (1948-2007), 70- солагии зодрӯзи генерал-майор.

-Мамадхўҷа Олимов (1918), 100 — солагии Муаллими шоистаи Тоҷикистон.

-Христофор Колумб (1451) баҳрнаварди испанӣ ва кашфкунандаи чандин қитъаву заминҳои нав.

-Мигель де Сервантес (1547) нависандаи испанӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *