таҷҳизот

Имсол мубориза бар зидди малах пурзӯр мешавад

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” техникаву таҷҳизоти гуногун супорида шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар баҳрабардории мазкур вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамикзода Қурбон, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака ва намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Иброҳим Аҳмадзода (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаанд.

Зикр гардидааст, ки техникаву таҷҳизоти мазкур дар доираи лоиҳаи “Барномаи беҳсозии минтақавӣ ва миллии мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” буда, барои пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза ба зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 адад мошинҳои обкашон, 5 адад микроавтобусҳо, 343 адад катҳои рахти хоб ва 12 адад кабинаҳо барои шустушӯйи бадан дар хаймаҳои саҳроӣ супорида шудааст.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамикзода Қурбон барои ҳамкориҳои судманд ба намояндагон изҳори сипос намудааст.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака ва намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Иброҳим Аҳмадзода (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳо барои ҳамкориву дастгириҳои минбаъда изҳори назар намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *