Завқизода барои нобуд кардани малахҳои Панҷ остин барзад (аудио)

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба ноҳия Панҷ 2 дастгоҳи махсус барои нобуд кардани малах дастрас кардааст.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, инчунин, номбурда барои Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия Панҷ 1 дастгоҳи алафдаравӣ тақдим намудааст.

Гуфта мешавад, ки Завқӣ Завқизода дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум 10 рӯзи аввали моҳи апрел дар ноҳияи Панҷ қарор дошт.

Зимни ин сафар дар ноҳия таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва фаъолону сокинони ноҳия семинар-машварати вилоятӣ оид ба ташкил ва усулҳои мубориза бар зидди малах баргузор карда шудааст.

Дар рӯзи охири сафар – 11-уми апрел маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи 1-уми соли 2022 бо иштироки роҳбарону фаъолон ва кормандони сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ баргузор гардидааст.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *