Имтиёзҳои адибони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Имтиёзҳои аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

1. Ҳамасола Ҳукумати шаҳри Душанбе ба адибоне, ки дар ҳудуди пойтахт зиндагӣ мекунанд, 150 сомонӣ барои пардохти хидматҳои коммуналӣ медиҳад.

Имтиёзҳои аъзои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон

1. Узви Иттифоқи нависандагон бо оилаи худ метавонад ҳар сол 48 рўз дар хонаи эҷодии “Дӯрмон” истиқомат ва эҷод кунад. Нархи хонаҳои оддӣ бо се маҳал хӯрок дар як рӯз 58000 сӯм (тахминан 58 сомонӣ). Барои хонаҳои поллюкс 80000 сӯм (тахминан 80 сомонӣ).

2. Барои узви Иттифоқ ва аҳли оилаи ӯ поликлиникаи махсус вуҷуд дорад. Хизматрасонии тиббӣ ройгон аст.

3. Иттифоқ дорои фонди “Эҷод” аст ва китобҳои аъзои Иттифоқ аз ҳисоби фонд ба нашр мерасанд.

4. Аъзои Иттифоқ ҳар сол 12 рӯз дар осоишгоҳи “Зомин” бо нархи имтиёзнок истироҳат кунанд, яъне онҳо 20-25 фоизи нархи муқарраршударо пардохт мекунанд.

5. Ба аъзои Иттифоқ бо тартиби муқарраркардашуда ёрии моддӣ расонида мешавад.

Ато МИРХОҶА,

муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *