Имтиёзи Узбекистон ба хориҷиён
Аз 1 июни соли равон дар Узбекистон хориҷиён метавонанд бо ворид кардани 250 ҳазор доллар ба буҷети давлат иҷозатномаи истиқомати муваққатиро ба даст оранд.
Тартиби дахлдор аз 18 апрел дар фармони Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев муқаррар шудааст.
Ҳангоми супоридани маблағи зикршуда шаҳрванди хориҷӣ ба мӯҳлати 5 сол ИЗМ (ВНЖ) мегирад. Инчунин, ҳуқуқ дорад, ки барои ҳамсар, фарзандон ва волидон чунин ҳуҷҷатҳоро ба расмият дарорад. Дар чунин ҳолат, барои ҳар як шахс бояд 150 ҳазор доллари дигар пардохт карда шавад.
Харидани амвол ҳам дар ин ҳолат шарт нест.
Имрӯзҳо хориҷиён ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар ҷумҳурӣ доимо зиндагӣ мекунанд, ҳангоми расидан ба синни 16-солагӣ ва инчунин одамоне, ки доимо дар кишвар ҳастанд, вале бо ягон сабаб шаҳрванди Узбекистон нестанд, метавонанд иҷозатномаи иқомат дар Узбекистонро ба даст оранд.
Илова бар ин, муқаррароте амал мекунад, ки тибқи он пас аз хариди амволи ғайриманқул дода мешавад. Маблағи харид дар минтақаҳои гуногун фарқ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ