Имзои боз 5 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон
Байни Тоҷикистону Эрон 5 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоӣ имзо шуд. Санадҳои ҳамкорӣ дар шаҳри Шерози Эрон зимни нишасти 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон ба тасвиб расиданд.
Ин нишаст рӯзҳои 5-6 май таҳти раёсати Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Шероз гузашт.
5 санади ҳамкорӣ инҳоянд:
-Созишномаи Комиссияи муштараки Эрон ва Тоҷикистон;
-Созишномаи ҳамкорӣ миёни Созмони миллии стандартии Эрон ва Агентии стандартизатсияи Тоҷикистон;
-Созишнома ҳамкорӣ байни ширкати “Фароб”-и Эрон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон;
-Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Сотроби формадгустари порсиён”-и Эрон бо Иттиҳоди миллии моҳипарварии Тоҷикистон;
-Созишнома ҳамкории Созмони сармоягузории Эрон бо ширкати “Инвест Тоҷикистон”.
Далер Ҷумъа пас аз ҷаласа гуфт: “Умедворем ин дидорҳо боиси эҷоди заминаи устувор барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо хоҳанд шуд”.
Аббос Алиободӣ: “Санадҳое, ки имрӯз бо ҳадафи густариши робитаҳои тиҷорӣ дар бахшҳои хидматрасонии фаннӣ, муҳандисӣ ва коло ба имзо расид, барои пуштибонӣ аз тоҷирон ва фаъолони иқтисодии Эрону Тоҷикистон меҳварҳоеро мушаххас кардааст, ки дар таҳкими ҳамкориҳо бисёр муҳиманд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ