Инфексияҳои тобистона: Аз касалиҳои сироятӣ худро чӣ тавр бояд муҳофизат кард?

Якҷоя бо тобистон на танҳо таътил, айёми оббозиву кайфу сафо, балки мушкилоти гуногун, аз қабили сӯхтани пӯст, харошёбӣ, инфексияҳои рӯдаву меъда низ меҳмони мо мегарданд. Кӯдакон бо дастони ношуста, себ ё дигар меваи ифлосро аз буттааш чида ба даҳонашон меандозанду гирифтори зардпарвин, дизентерия, лямблиоз мешаванд. Дар натиҷа қайкунӣ, дарунравӣ ва дарди шикам пайдо мешавад.

                Нишонаҳои сироятёбӣ

Тобистон кӯдакон аксаран гирифтори бемориҳои рӯдаву меъда мегарданд. Нишонаҳои умумии инфексияҳои рӯда чунинанд: дарунравӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам, баланд шудани ҳарорати бадан, бемадориву беқувватӣ, гум шудани иштиҳо, харобшавӣ. Беморӣ бар асари бактерия ва вирусҳои гуногун сар мезанад, ки дар рӯдаҳо афзоиш ёфта, боиси халалёбии ҳазми хӯрок ва илтиҳоби ҳуҷайраҳои пардаи луобии рӯдаҳо мегардад. Аз ҳамин сабаб, кӯдак дарунрав шуда, инфексияҳои рӯда ҳолашро бад месозад.

Дарунравиро пешгирӣ кардан мумкин аст?

Барои эмин мондан аз бемориҳои меъда дар фасли тобистон, пеш аз ҳама, ба тозагӣ риоя намуда, тамоми хӯрокаву нӯшокаеро, ки кӯдак истеъмол мекунад, дақиқона бояд назорат намуд. Дастони ифлос, сабзавоти ношуста ва мева, об  сарчашмаи асосии микробҳое ҳастанд, ки боиси исҳоли хунин мегарданд. Маҳсулоти сафедадори вайроншуда ё нодуруст пухташуда боиси гирифторшавӣ ба салмонеллёз шуда метавонад. Аз ҳамин хотир, қабл аз хӯрокхӯрӣ ҳатман дастонро бо собун шустан лозим аст. На танҳо баъди хӯроки наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва хӯроки шом, балки ҳангоми хӯрдани мева ё нони ҳасибдор низ бояд дастони кӯдак шуста шаванд.

Меваву сабзавотро шӯед

Меваву сабзавоти хомро нағзакак шустан лозим. Об бояд аз барангезандагон безарар бошад. Меваю сабзавотро аз дарахту палак  чида хӯрдан мумкин нест. Меваро қабл аз истеъмол нағзакак шуста, хушкмеваро ( агар аз он компот тайёр карданӣ набошед) дар оби ҷӯшомада шустан лозим аст.

Оби ноҷӯшидаро ба ҳеҷ ваҷҳ нӯшидан мумкин нест. Кӯшиш намоед, ки дар қаҳвахонаву дӯконҳои кӯчагӣ хӯрок нахӯред. Дар ҳавои гарм майонез, маҳсулоти гӯштӣ ва моҳӣ, ширҳои истеҳсолӣ зуд вайрон мешаванд. Аз ин лиҳоз аз хӯрдани пирожки, сэндвич, хӯришҳо худдорӣ намоед.

Агар инфексия ба организм ворид гардад…

Таби кӯдак баланд шуда, ҳолаташ бад шавад, дарҳол ба табиб муроҷиат намоед. Агар нишонаҳои беморӣ чандон вазнин набошанду кӯдакро дар хона нигоҳубин карда шавад, пас чунин амал намоед:

Ҳангоми заҳролудшавии сабук (масалан, кӯдак зуд-зуд ҳоҷатхона меравад, вале ҳолаташ хуб аст) бо парҳез қаноат кардан мумкин аст (хӯрокҳои туршшаванда, меваву сабзавоти хом, ширинӣ ва маҳсулоти ширӣ манъ аст) Ба кӯдаки бемор сорбентҳоро (активированный уголь, энтеросгель) хӯронидан лозим аст.

Аз ҳама муҳимаш ҳангоми заҳролудшавӣ мубориза бо беобшавии ҷисм аст. Ҳангоми қайкунӣ ва дарунрав ҷисм обу намаки зиёдеро сарф мекунад, ки барои кори муътадили организм муҳиманд, бинобар ин, ба кӯдак маҳлулҳои намакоб (масалан, регидрон) ё глюкозаи 5-фоиза хӯронидан лозим аст.

Офтоби тобистон хатарнок аст

 Барои ҳифзи пӯст аз нурҳои офтоб бояд аз малҳамҳои аз офтоб ҳифзкунанда, ки дорои фактори баланди муҳофизатӣ (SPF > 30) бошад, истифода бурд. Фаромӯш накунед, ки малҳамҳои махсуси ҳифзкунанда танҳо пӯстро аз сӯхтан ҳифз мекунанд, вале аз офтобзанӣ муҳофизат карда наметавонанд. Барои ҳамин кӯшиш кунед, ки дар айни гармии рӯз кӯдаконатон ба кӯча набароянд.

Офтобзанӣ чӣ нишонаҳо дорад?

Нишонаҳои офтобзанӣ инҳоянд: баландшавии таб, зиёдшавии набз, зуд-зуд нафаскашӣ, беқарорӣ ё ҳатто беҳушшавӣ, пӯсти хушку тасфон, арақ накардани кӯдак. Нишонаҳои беморӣ дарҳол аён намегарданд. Аксаран ҳангоми офтобзанӣ гумшавии иштиҳо баъди сайругашти тӯлонӣ дар ҳавои офтобӣ, бемадорӣ, инҷиқӣ, хоболудӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми офтобзанӣ аввалан бояд кӯдаки беморро ба ҷойи салқин бурда, пойҳояшро ба боло бардошта, аз либоси танге, ки гардану қафаси синаашро зер мекунад, озод намуд, баъдан ба кӯдак оби хунуки бо каме шакару намак омехта додан лозим аст. Латтаеро тар карда ба пешонии кӯдак гузоред ва ба танаш об молед. Ҳатман табибро даъват намоед.

Донистан зарур аст

Дар доруқуттии шумо бояд ҳамеша бошад:

абсорбентҳо (активированный уголь);

доруи дарунравӣ;

дорувории дорои моддаҳои муҳим барои организм (регидрон, глюкоза);

доруворӣ барои барқарорсозии микрофлораи муътадили рӯдаҳо (лактофильтрум, линекс).

+++++++++++++++++++++++++++

Тамоку мардро мекушад?

Тавре тадқиқотҳо нишон медиҳанд, никотин ба қувваи ҷинсӣ таъсири сахт мерасонад. Бовар надошта бошед, ба далелҳо назар кунед.

Вақте ки рагҳо танг мешаванд….

Сараввал механизми ташаккулёбии рағбати ҷинсиро дида мебароем. Гардиши хуби хун рағбати ҷинсиро таъмин менамояд. Сигоркашӣ рагҳоро танг ва хунро ғафс мекунад. Акнун худатон хулоса бароред, ки сигор рағбати ҷинсиро кам мекунад ё зиёд.

Заҳрро як заррааш ҳам заҳр

Аксари одамоне, ки сигор мекашанд ва ҳатто нафарони дар умрашон сигор намекашидагӣ низ бар он назаранд, ки тамоку баъди чанд сол ба саломатии инсон зарар мерасонад, вале дар асл чунин нест.  Никотин моддаи бисёр заҳрнок буда, таъсири манфияшро дарҳол мерасонад, яъне аз сигори аввал.

Мардро безурриёт мекунад

Дар дуди тамоку пайвастагиҳои зиёди кимиёвӣ мавҷуд аст. Аксари онҳо ба қувваи мардӣ таъсири бевосита мерасонанд, ҳатто баъди як дона сигор низ мард қобилияти фарзанддоршавиро аз даст дода метавонад. Ба ғайр аз ин, сигор сабабгори як қатор бемориҳо мегардад, вале вақте мард аз сигор даст мекашад, дарҳол саломатияш рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Чилим ҳам тамоку аст

Аксари нафарони сигоркаш бар он назаранд, ки аз одати бади онҳо қабл аз ҳама шушҳо зарар мебинанд, дар асл бошад, никотин аз ҳама зиёдтар ба рагҳои хунгарди дил таъсири ногувор мерасонад. Сигоркашҳо гумон мекунанд, ки чилим безарар аст, вале ангидриди карбон омили зараррасонест, ки ҷисми нафари сигоркашро ҳангоми кашидани чилим низ абгор месозад.

Импотент шудан мехоҳед?!

Таъсири бади тамокукашӣ ба гардиши хун сабабгори пайдошавии мушкилӣ дар қувваи мардӣ мегардад. Албатта сабабҳои дигари кам шудани қувваи мардӣ вуҷуд доранд, вале маҳз тамокукашӣ сабаби №1-и импотент шудани мардон аст. Мувофиқи омор, нафарони сигоркаш ду маротиба бештар гирифтори пастшавии қувваи мардӣ мегарданд. Никотин, нейротоксини пурзӯр буда, рағбати ҷинсиро паст месозад ва ба сифату миқдори манӣ таъсири ногувор мерасонад.

Сигор, рағбати ҷинсӣ ва фишори рӯҳӣ

Аксаран нафарони сигоркаш пай намебаранд, ки ҳамарӯза фурӯ бурдани дуди тамоку боиси аз моддаҳои заҳрнок пур шудани ҷисм ва норасоии ҳавою моддаҳои ғизобахш мегардад. Дар натиҷа, шахси сигоркаш пайваста дар ҳоли рӯҳафтодагӣ ва ҳаяҷони зиёд қарор гирифт, худро ҳамеша хастаю бемадор эҳсос менамояд.

Мутаассифона, дилбастагони сигор ин ноҷуриҳои рухдодаро пай набурда, танҳо баъди паст шудани қувваи мардӣ ва дигар мушкилиҳо бонги хатар мезананд. Сабаб дар он аст, ки ҷараёни заҳролудшавии ҷисм ба оҳистагӣ сурат мегирад. Шахси сигоркаш ба бад шудани ҳолаташ одат карда, онро ҳамчун чизи муқаррарӣ қабул мекунад. Фишори рӯҳӣ бошад, боз як омили пастшавии қувваи мардӣ аст.

Навмед нашавед!

Аксари мардон савол медиҳанд, ки оё баробари аз сигор даст кашиданашон рағбати ҷинсӣ барқарор мешавад? Беҳбудӣ кай дида мешавад ва оё ҳаёти маҳрамона беҳтар мегардад?

Худдорӣ аз ин одати бад ба шумо имкон медиҳад, ки ба зудӣ ҳаёти маҳрамонаи худро беҳтар гардонед. Хеле хуб мебуд, ки тамоман аз сигор даст кашида, зиндагии худро бо ранги тоза оғоз намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *