Интернет имконият аст, на ҳавас

Беморӣ ё ҳавас?

Дар тӯли ду даҳсолаи охир интернет ҳамсафари доимии инсоният гардид. Аз ин рӯ, ҳаёти одамони муосирро бидуни он тасаввур кардан ҳатто мушкил шудааст. Ҳоло коршиносон ҳаёти насли охири асри ХХ ва ибтидои садаи ХХI-ро нуқтаи муҳими таърихи инсоният эътироф намудаанд. Ба гуфтаи онҳо, охири насли қарни гузашта дар шабакаи ҷаҳонии интернет муҳоҷир ва насли нахустини қарни нав (аз ин ба баъд тамоми наслҳои оянда) бумиёни интернетиянд. Ҳамин тариқ, насли охири асри ХХ вопасин насли қабл аз пайдоиши интернет аст, интернете, ки раванди таърихи инсониятро ба куллӣ тағйир дод. Ҳоло дигар мушкил аст тасаввур кардани он, ки як инсон дар як рӯз ҳадди ақал як бор ба интернет барои муошират ё хондани хабар, дилхӯшӣ ё саргармӣ, ёфтани ягон маълумот, пеш бурдани тиҷорат ва ғ. ворид нашавад. Интернет бартариятҳои зиёд дорад, лињозо, одамон кӯшиш мекунанд, ки ҳарчӣ бештар аз ин имкониятҳо истифода баранд. Ин дигар барои аксарият аксиома шудааст, аммо мо дар ин мақола дар бораи вобастагӣ ба интернет ва паёмадҳои он гап мезанем.

Табиби амрикоӣ А.Голдберг ҳанӯз дар соли 1995 нахустин шуда вобастагии инсонро аз интернет ҳамчун бемории руҳӣ тавсиф кард, аммо тибби расмӣ то ҳол онро эътироф накардааст. Ба гуфтаи коршиносон, 6% корбарон дар саросари ҷаҳон аз ин патоложӣ азият мекашанд. Қисми бештари он (10,9%) дар кишварҳои Шарқи Наздик ҷойгир аст. Дар Аврупои Шимолӣ ва Ғарбӣ – камтарин ҳисса (2,6%). Тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар айни замон дар Тоҷикистон 4,2 млн. корбар аз интернет истифода мекунад – сатҳи воридшавии аҳолии кишвар 42,6% аст (соли 2018 тибқи маълумоти https://www.internetworldstats.com зиёда аз 3 млн. ва сатҳи воридшавӣ 32,4% буд). Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, Тоҷикистон дар радабандии навшудаи Speedtest Global Index дар охири соли 2021 аз ҷиҳати суръати интернети мобилӣ мақоми 135-умро дар миёни 138 кишвар ишғол кардааст. Ҳол он ки дар соли 2019 Тоҷикистон дар зинаи 123-юм меистод. 

Дар тадқиқоти Медиаконсалтинги Тоҷикистон, ки ба ҳамин наздикӣ анҷом дод, 1663 нафар иштирок кардааст. Зимни назарсанҷӣ ба саволи “Бо кадом сабаб Шумо аз интернет истифода намебаред?” нисфи посухгӯяндагони ин гуруҳ ҷавоб доданд, ки “онҳо абзори пайвастшавӣ бо интернетро надоранд” (41%) ва ё “маблағ надоранд” (10%).

Ба 5%-и дигар хешовандон иҷозат намедиҳанд. Боқимонда изҳор доштанд, ки чӣ тавр истифода бурдани интернетро намедонанд ё ба он таваҷҷуҳ надоранд (36%) ва ё барои он вақт надоранд (6%). Аз интернет истифода карда наметавонам/ҷолиб нест 36,1%; Вақт нест -5,9%; Хешовандон/наздикон иҷозат намедиҳанд -4,8%; Барои посух додан мушкилӣ мекашам -2,5%.

Қисме аз посухгуфтаҳо изҳор доштанд, ки ҳамеша дар шабака ҳастанд (29%), ё ин ки дар интернет рӯзе якчанд соат “мешинанд”. Ҳамчунин 22% посухдиҳандагон ҳамарӯза 1-2 маротиба ба интернет ворид мешаванд. Танҳо чоряки пурсидашудагон ба интернет ҳафтае 3-4 маротиба (12%) ё камтар (12%) ворид мешаванд. Аммо, биёед ҳоло бубинем, ки назари коршиносони тоҷик ба ин масъала чӣ гуна аст?

Сайфулло Ҳикматов, яке аз мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ, ки ҳамчун тренери давраҳои омӯзишӣ низ собиқаи калон дорад ва бо ин проблема аз наздик шинос аст, бо андешаи касоне, ки вобастагии инсонро аз интернет бемории руҳӣ ва вабои аср меноманд, розӣ нест. Ба андешаи ў, шахсоне, ки ба интернет вобастаанд ва ё ҳаёти худро бе он тасаввур карда наметавонанд, асосан аз манбаъҳои дилхушкунанда ё саргармиҳо истифода мебаранд, ки он ҳавас аст, на беморӣ. Аммо С.Ҳикматов њамзамон зикр мекунад, ки равоншиносон сабабҳои вобастагӣ ба интернетро ба як қатор омилҳо нисбат медиҳанд, аз ҷумла:

— Ин натиҷаи ҷанҷолҳои зуд-зуд дар оила, ҷудошавӣ, марги падару модар ва дигар мусибатҳо аст, ки боиси пайдошавии стресс мегарданд;

— Ҳангоми назорати аз ҳад зиёди волидайн интернет ба ягона макони амн мубаддал мегардад, ки дар он ҳеҷ гуна маломату мамнуъиятҳои ахлоқӣ вуҷуд надорад;

— Нарасидани таваҷҷуҳи наздикон яке аз бузургтарин сабабҳои вобастагии мактаббачагон аз интернет мегардад, зеро кӯдакону наврасон мекӯшанд дар интернет дӯстони нав ёфта, бо онҳо суҳбат ва дастгирӣ пайдо кунад;

— Кӯшиши дур шудан аз ҷаҳони воқеӣ аз сабаби наёфтани забон бо ҳамсолон сабаби дигари вобастагист. Дар чунин ҳолатҳо кӯдакону наврасон кӯшиш мекунанд, ки эътимод ба худро дар муоширати маҷозӣ барқарор ва ҳамфикронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кунад;

— Зўроварӣ аз ҷониби ҳамсолон бо сабаби он ки аз иқрор шудан метарсанд, онҳоро водор мекунад, ки ба хотири ёфтани пуштибон ба ҷаҳони виртуалӣ муроҷиат намоянд.

То ҷое бо ин андеша коршиноси дигари тоҷик Рустам Гулов низ мувофиқ аст. Ӯ дар ин иртибот мегӯяд, ки интернет як воситае беш нест ва аз он, ки чӣ гуна вақти худро дар он сарф мекунад, аз худи инсон вобаста аст. Сабабҳои вақти худро дар он сарф кардан гуногун аст, масалан, баъзе мавридҳо интернетро барои дилхушӣ, гоње барои таълим, баъзан барои анҷом додани корҳои зарурӣ, муошират бо хешовандону дўстон ва ғ. истифода мебаранд. Ба қавли ў, дар ҳолатҳои алоҳида, вақте ки истифодабарандагон вақти аз ҳад зиёди худро дар интернет бо тамошои наворҳои дилхушкунандаву саҳифагардонии шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, табибон онро ба патология алоқаманд медонанд, аммо ин гап сари қисми хурди истифодабарандагон меравад. То чӣ андоза ин зуҳурот дар байни ҷавонони Тоҷикистон паҳн гаштааст, маълум нест, чунки ягон тадқиқоти илмӣ гузаронида нашудааст. Гулов ақида дорад, ки бархе корбарон пойбанди бозиҳои онлайнӣ, ғайримақсаднок ворид шудани сомонаҳову муошират дар олами маҷозӣ бо дигар одамон ва ғ. шудаанд, аммо решаи ин вобастагиҳо бояд дар олами реалӣ ҷустуҷӯ шаванд, зеро сабаби асосӣ дар ин ҷост.

-Интернет барои чунин одамон воситаи гурехтан аз мушкилоти рӯзгор шудааст. Онҳо дар интернет чизеро меҷӯянд, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон ёфта наметавонанд, – мегӯяд Гулов. Ба андешаи ӯ, дар ин гуна ҳолатҳо ёрии равоншинос лозим аст, то ки нафари вобаста тавонад вобастагии худро дарк намояду сабаби асосии онро фаҳмад ва аз паси ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилиҳои худ шавад, на ин ки дар интернет роҳи гурезро аз онҳо кобад.

Масрура Сиддиқова ба ин назар аст, ки вобастагӣ ба интернет як намуди бемории руҳиву равонӣ низ мебошад, зеро дар чунин ҳолатҳо шахс ба зудӣ аз шабака баромада наметавонад, аз ҷониби дигар, васвасаи ботинии ворид шудан ба шабака ӯро ором намегузорад.

Аммо Муҳайё Нозимова мегӯяд, ки ҳоло вобастагӣ ба интернет ва сайтҳову шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бо рушди технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми ҷаҳон сурат гирифта истодааст, аммо мушкили ҷавонони тоҷик ин аст, ки ба фарқ аз ҳамсолони хориҷии худ, алалхусус аврупоиҳо ва амрикоиҳо, онҳо технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла интернетро барои дилхушиву саргармии худ истифода мебаранд. Ба назари ў, ҷавонони мо имконоти зиёдро ё намедонанд ё намехоҳанд донанду ёд гиранд ва барои рушди худ истифода баранд. Ӯ бо такя ба мушоҳидаҳои шахсиаш мегӯяд, ки аксари кулли ҷавонону наврасони тоҷик барои дилхушӣ ба интернет рў меоранд, ки ин дар навбати аввал гуноҳи худи волидайн аст. “Гоҳе мешавад, ки волидайн дар баробари баромадани овози кӯдак, ба хотири ором кардани ӯ ба дасташ телефони мобилӣ медиҳанд, то халал нарасонанд. Ин омил баъдан ба кўдак таъсир мерасонад. Азбаски ба кўдакони мо аз синни хурдӣ хондани китобу китобчаҳо талқин карда намешавад. Агар ин шавад, метавонад майлу рағбати кўдаконро ба интернет ба мақсади саргармӣ коҳиш диҳад”, -мегӯяд Нозимова.

Вобастагӣ ба интернет мушкилоти ҷомеа аст

Тадқиқот дар кишвар нишон медиҳанд, ки ҳоло 69%-и наврасони 12-17 сола аз интернет ҳар рӯз истифода мебаранд. Аз ин миён 37% аз 3 то 8 соат вақти хулро дар интернет сарф мекунанд. Ин омор нишон медиҳад, ки вобастагӣ аз он дар Тоҷикистон ба яке аз проблемаҳои муҳим дар ин самт табдил ёфта истодааст. Қобили зикр аст, ки интернет мисли як сиккаест, ки ду паҳлӯ дорад, яъне ҳам ҷиҳати мусбат ва ҳам манфӣ. Аммо таъсири вобастагӣ ба наврасон ва ҷавонони тоҷик дар чӣ зоҳир мешавад? Дар ин иртибот С.Ҳикматов чанд омилро ҷудо мекунад, аз ҷумла:

-Аз сабаби мавҷуд набудани системаи ягонаи ташхис ва табобат равоншиносон вобастагии кибериро ба бемории дертаъсиррасон муқоиса мекунанд. Агар дар марҳилаҳои аввал вобастагӣ аз интернет бо коҳиши иштиҳо, вайрон шудани реҷаи ҳаррӯза ва марҳилаҳои хоб зоҳир шавад, пас дар марҳилаи охир вобастагӣ метавонад боиси худкушӣ гардад;

-Бо рушди вобастагӣ наврасон ва ҷавонон метавонанд таваҷҷуҳи худро ба дӯстон, муҳити зист ва ҷаҳони воқеӣ гум кунанд. Аз сабаби паст шудани малакаҳои муошират, наврасон дар ёфтани ибораҳо барои таҳияи фикрҳои худ душворӣ мекашанд ва мунтазам даст аз хӯрок мекашанд ва инчунин ба реҷаи вайроншавии хоб дучор мешаванд;

-Дар марҳилаи дуюм, мушкилот одатан бо муваффақияти таълимӣ, дар хотир нигоҳ доштани маълумот ва қобилияти омӯхтан пайдо мешаванд. Ёфт шудани синдромҳои гуногун, аз қабили синдроми амали маҷбурӣ, ҳамчун сигнал барои рушди патологияҳои системаи асаб хизмат мекунад;

-Дар бораи пайдоиши бемориҳои ҷисмонӣ набояд фаромӯш кард. Аз сабаби нишасти зиёд камқувватии мушакҳо, остеохондроз, сколиоз ва бемориҳои системаи дилу рагҳо инкишоф меёбанд.

М.Нозимова мегӯяд, ки бояд инсон бикӯшад дар ҳама кор, аз ҷумла, дар интернет ҷиҳатҳои мусбатро пайдо кунад. Дар ин сурат, ба қавли ӯ, ҷавонон метавонанд аз курсҳои омўзишии ройгон истифода баранд. Дар дарёфти иттилоот сари вақт дастрасӣ ёбанд ва бурсҳои ройгон барои таҳсил дар кишварҳои хориҷиро пайдо кунанд. -Албатта наврасон бештар ба роҳнамо ниёз доранд, дар навбати аввал ба роҳнамоии волидайн, то ки чунин ҷиҳатҳои мусбиро ба онҳо ёд диҳанд, таъкид мекунад ӯ.

Ба андешаи Нозимова, ҷиҳатҳои манфӣ дар он зоҳир мешавад, ки корбарон, хосса ҷавонон ва наврасон вақти зиёди худро беҳуда сарф мекунанд ва ба бехобиву хастагӣ дучор мегарданд, зеро имкониятҳои ҷолиби интернетро намедонанд ё донистан намехоҳанд. Дар ин иртибот ў дар навбати аввал худи волидонро гунаҳкор медонад. Ӯ, ки чанд муддат аст дар хориҷа зиндагї мекунад, мегӯяд, гоҳе мешавад, ки волидайни тоҷик ба хотири ором кардани кўдак ба дасташ телефони мобилӣ медиҳанд. -Дар ҷомеаи мо бо аввалин садои гиря ва ё инҷиқии кӯдак ба дасташ телефони мобилӣ медиҳанд, то ки ба волидайн халал нарасонанд, ҳол он ки ин омил баъдан ба кӯдак таъсир мерасонад, аммо дар хориҷа чунин амалҳоро тақрибан намебинам,- мегўяд ӯ.

Аз ҷониби дигар, ба андешаи Нозимова, ба кўдакони мо аз синни хурдӣ хондани китобу китобчаҳои коғазӣ талқин карда намешавад, ҳарчанд ки ин метавонад майлу рағбати кўдаконро ба интернет ба мақсади саргармӣ коҳиш диҳад.

Сиддиқова баъзе ҷиҳатҳои мусбати истифодаи интернетро чунин шарҳ медиҳад:

1. Азбаски интернет яке аз самараноктарин воситаҳои муошират байни одамон шудааст, ҷавононе, ки дар шаҳрҳои гуногун таҳсил мекунанд, метавонанд ҳар рӯз бо волидайн муошират кунанд ва аз ҳоли ҳамдигар огоњ бошанд. Ҳамин тариқ, он монеањои географиро аз миён бардошт ва олами маҷозиро бунёд карда, одамонро сарфи назар аз љойгиршавиашон ба ҳам наздик кард;

2. Интернет имконият медињад, ки ҷавонону наврасон афкори худро тавассути блогҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, видеоҳо, подкастҳо, кутуби электронӣ, инфографика ва ғ. дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ё экологӣ озод баён кунанд;

3. Интернет ба одамон, аз ҷумла ҷавонон имкони худомӯзӣ ва гирифтани таҳсилоти фосилавӣ дод. Он ҷои табодули афкори ҷавонон дар масъалаи табодули донишу афкор шуд; Интернет ҳамчунин ба китобхонаи дониш мубаддал гардид.

Ҷиҳатҳои манфӣ аз назари М.Сиддиқова омилҳои зеринанд:

1.Муддати тӯлонӣ ва беназорат мондани наврасон ва ҷавонон дар шабака тағйиротро дар шуур ва фаъолияти майнаи онҳо ба амал меорад ва дар натиҷа, онҳо оҳиста-оҳиста қобилияти омӯхтан, амиқ фикр кардан ва таҳлил намуданро аз даст медиҳанд;

2. Одам ба шабакаи ҷаҳонии интернет ворид шуда, тадриҷан малакаҳои муоширати воқеиро аз даст медиҳад ва ин боиси мушкилоти зиёде мегардад. Масалан, ба ҷойи он, ки бо дӯстон вохўриҳои воқеӣ намояд, дар Skype суҳбат мекунад, ба ҷойи гуфтушуниди мустақим инсон бо почтаи электронӣ мактуб равон мекунад;

3. Вобастагӣ ба интернет метавонад боиси вайрон шудани муносибатҳо дар оила (байни падару модар ва фарзандон, инчунин байни ҳамсарон) низ гардад, зеро дар назди компютер рӯз ва ҳатто шабро сипарӣ кардани кӯдак ё ягон аъзои дигари оила паёмадҳои манфии зиёдеро метавонад ба бор орад.

Ҳамин тариқ, бартариятҳои интернетие, ки қаблан тавсиф шуда буданд, ҳоло дар натиҷаи ворид шудани аз ҳад зиёд ва истифодаи дарозмуддат ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Роҳи баромад дар куҷост?

Чанд сол пеш як навраси сокини шаҳри Гулистон, ки пойбанди сахти интернет шуду ҳатто бар сари падараш даст бардошт, солҳои 2019-2021 зери назорати равоншинос қарор гирифту табобат. Ӯ муддати дароз, яъне солҳои зиёд дар компютер бо бозиҳои онлайнӣ машғул ва оқибат ба бемории вобастагӣ гирифтор шуд. Табобати дурудароз натиҷа надод, аммо соли 2021 вақте ки падараш бо сактаи дил аз дунё даргузашт, ба ҳуш омад ва ин ҷавони аллакай баркамол аз паси мизи компютер бархоста, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. М.Сиддиқова мегӯяд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол миқёси зарари вобастагӣ аз интернетро пурра дарк накардааст, лек сарфи назар аз ин, дар баъзе кишварҳо вобастагӣ ба он расман ҳамчун беморӣ эътироф шуда, табобаташ баъзан бо усулҳои хеле радикалӣ сурат мегирад. Масалан, дар Чин, ки аввалин клиникаи муолиҷаи вобастагии интернет ҳанӯз дар соли 2005 пайдо шуда буд, чунин беморонро бо зарбаи барқ тавассути дастгоҳе табобат мекунанд, ки ба бадан бо шиддати 30 волт мезананд.

Дар кишвари мо то ҳол ягон усули махсуси табобати шахсони интернет вобастаҳо маъмул нест ва дида намешавад. Бисёре аз ҷавонону наврасони мо ҳамарӯза аз ин доғи рӯз азият мекашанд. Аммо барои халос шудан аз вобастагии интернетӣ ҳар як инсон бояд дар навбати аввал худаш мекӯшад, зеро ин пойбандӣ мисли дил бастан никотини сигарет ва ё маводди мухаддир. Ба иборати дигар, агар худи мӯътод омода бошад, ки аз дилкашолӣ ё дилбастагӣ аз вобастагии аз ҳад зиёд аз интернет раҳо ёбад, бояд тасмими ҷиддӣ бигирад ва онро дар амал татбиқ кунад. Як мушкили асосии чунин ашхос он аст, ки вақте ки ҳаёти маҷозии онҳр аз ҳаёти воқеӣ шавқовартару озодтару хуштар мегардад, як қисми ҷавонон вобастаи ҳаёти маҷозӣ мешаванд. Барои он ки онҳо аз ҳаёти “ширин”-и маҷозӣ ба дунёи пур аз мушкилоти воқеӣ баргардонда шаванд, бояд зиндагии ин гуна ҷавонон рангинтару ҷолибтар шавад.

Дар ин иртибот Ҳикматов мегӯяд, бояд сексияву клубҳои гуногуни ҷавонон амал кунанд — аз клубҳои мубоҳисавию футбол, то шоҳмоту расмкашиву натурология, аммо як-ду маҳфили мавҷуда барои шаҳр кам аст, бояд назди ҳар як мактабу донишкадаву донишгоҳ чунин маҳфилҳо бошанд. Муҳимтар аз ҳама, мегўяд ӯ, ҷомеаи мо бояд интихоби ҷавононро эҳтиром кунад, аз ҷумла, ҷорӣ кардани либоси ягонаву рейдҳо барои кашида гирифтани телефони онњо аз дасташон тасмими муфид ва хоси замон нест.

-Бо ин гуна тасмимгириҳо мо ба ҷавонон нишон медиҳем, ки онҳо дар назари насли бузургтар интихоби либос ва воситаи алоқа, ҳолати зарурӣ метавонанд аз мушкилоти худ ба волидайн хабар диҳанд, надоранд. Бо дарназардошти ҳамин омилҳо Ҳикматов мегӯяд, ки бо чунин тасмимгириҳо мо боз ҳайрон ҳам мешавем, ки чаро ҷавонони имрўза нисбат ба насли калонтар беэҳтиромӣ мекунанду аз ҳаёти воқеӣ ба олами маҷозӣ мегурезанд.

М.Сиддиқова мегӯяд, ки самарабахштарин роҳи мубориза бо вобастагӣ аз интернет баргаштан ба ҳаёти воқеӣ ва фаромӯш кардани мавҷудияти он ҳадди ақал барои чанд рӯз аст. Шахсони вобасташуда бояд бештар ба табиат рӯ оранд, бо дӯстон вохӯриҳои воқеӣ баргузор кунанд, дар чорабиниҳои гуногун иштирок намоянд, ба варзиш машғул шаванд, китобҳои ҷолиб хонанд ва ғ. Ба ќавли ў, барои халос шудан аз ин дард танҳо маҳдуд кардани вақт дар интернет кофӣ нест.

-Ҳоло дар бисёр сайтҳо маслиҳат оид ба чӣ гуна аз вобастагии интернетӣ халос шудан, тавсияҳои хеле аҷибро дар бар мегирад. Масалан: «Аз хешовандон ё дӯсти худ пурсед, ки саҳифаи худро дар шабакаи иҷтимоӣ ё мессенҷер «парол» кунад ва ба ӯ иҷозат диҳед, ки ба шумо танҳо як маротиба дар як ҳафта иҷозат диҳад”, «Аз ISP-и худ хоҳиш кунед, ки ба шумо дастрасӣ ба сайтҳоеро манъ кунад, ки шумо вақти худро беҳуда сарф мекунед». Ба андешаи ман, ин тавсияҳо хеле шубҳанок ҳастанд ва онҳо истифода бурда мешаванд, агар шубҳанок набошанд, -таъкид мекунад М.Сиддиқова.

Назари Зулфия Голубева

Агар дар бораи ҳадафҳои будан дар интернет сухан ронем, онҳоро дар маҷмуъ барои ҳамаи ҷавонон интихоб кардан ғайриимкон аст. Дар ин ҷо, мисли маркетинг, ҳама чиз аз сегментатсия вобаста аст, на танҳо аз рӯи синну сол, ҷинс ё ҷои истиқомат. Дар ин ҷо фарқиятҳои зиёд мавҷуданд.

Аслан ҳама чиз ба афзалиятҳо таъсир мерасонад: сатҳи маълумот (ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ), маҳфилҳо (масалан, мошинҳо, расмкашӣ, забонҳо ва як қатор чизҳои дигар), сатҳи даромад, тарбияи гирифташуда, афзалиятҳои ғизо (ва ин нест шӯхӣ) ва бисёр чизҳои дигар.

Аз ягон фурӯшанда пурсед, ки онҳо аудиторияҳои худро чӣ гуна тавсиф мекунанд, аз рӯи кадом параметрҳо. Бо афзалиятҳо дар интернет комилан якхела аст. Интернет як маҳсулоти бисёрфунксионалист, ки ҳар як шахс барои эҳтиёҷоти худ истифода мебарад, ҳатто агар эҳтиёҷоти онҳо тамошои видеоҳои ҷолиб бошад.  Хуб, ин чӣ бадӣ дорад? Ӯ танҳо дар ҷустуҷӯи фурсатест, ки аз ҳаёти ҳаррӯзаи хокистарӣ истироҳат кунад ва табъи худро беҳтар кунад.

Нуралӣ ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *