Аҳрорзода: Ҷомеаи мо ҳанӯз ба санъаткор шудани духтарон омода нест!

Актрисаи ҷавони Театри давлатии академии драмавӣ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Гулмира Аҳрорзода баъди иҷрои яке аз нақшҳои марказӣ дар намоиши “Бунбаст” миёни дӯстдорони театр шинохта гардид. Гулмира мегӯяд, ки то баромадан ба рӯйи саҳна монеаҳои зиёдеро пушти сар кард, зеро ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам ба санъаткор шудани духтарон созиш накардааст…

Бо азму иродаи қавӣ

Гулмира 21 сол дорад, вале аллакай ошиқ аст, ошиқи ҳунар, ошиқи театр ва ошиқи касби хеш. Ӯ зодаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ аст. Аз кӯдакӣ мехост ҳунарпеша шавад. Анҷелина Ҷолиро дӯст медошт, мехост мисли ӯ бошад, вале волидайнаш зид баромаданд. Алорағми хоҳиши онҳо ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд.

“Волидайнам мехостанд, ки ман табиб ё ҳамшираи тиб шавам. Онҳо ҳатто тасаввур намекарданд, ки ба азмам устувор меистам ва ба факултаи актёрӣ дохил мешавам. Вале ман розӣ будам аз ҳама чиз гузарам, то ба орзуям бирасам. Ҳамин тавр ҳам кардам”,- мегӯяд ӯ.

Гулмира мегӯяд, ки баъд аз донишҷӯйи риштаи актёрӣ шудан дӯстону наздикон ва хешу табор фикрашонро нисбати ӯ тағйир доданд. Баъзе бо тамасхур ба ӯ мегуфтанд: “Наход артистка шавӣ!?”. Баъзе ба ӯ бо ҳисси бадбинӣ нигоҳ мекарданд, вале ӯ ба онҳо аҳамият намедод.

“Албатта, орзуи ман муваффақ шудан дар касбам аст. Мехоҳам беҳтарин нақшҳоро иҷро кунам. Дар баробари ин, талош хоҳам кард, ки назари ҷомеаро ба ҳунар дигар кунам. Мехоҳам собит намоям, ки  санъаткор шудани духтар ҳеҷ бадие надорад”,- мегӯяд ӯ.

Бунбастҳои “Бунбаст”

Гулмира баъди хатми донишгоҳ ба театр ба кор омад. Аҷиб он аст, ки аз курси 26-нафараи онҳо фақат ӯ ҳамчун ҳунарпеша кор мекунад. Дигарон аз пайи касбу кори дигар рафтанд. Дар аввал чанд нақши хурд иҷро кард. Вале пешниҳоди Қурбони Собир барояш ногаҳонӣ ва тақдирсоз буд.

“Вақте устод дар намоиши “Бунбаст” иҷрои яке аз нақшҳои марказиро ба ман фармуданд, аввал розӣ нашудам, зеро ба худам боварӣ надоштам. Вале устод гуфтанд: “Духтарам, ман медонам, ки ту метавонӣ!”. Ҳамин тавр, розӣ шудам. Дар аввал иҷрои ин нақш бароям хеле ва хеле душвор буд, вале бо кумаки устод Қурбони Собир ва ҳамбозиҳоям ҳунармандони шинохта Мавлона Наҷмиддинова ва Аъзами Розиқ ин нақшро иҷро кардам”,- мегӯяд Гулмира.

“Бунбаст” аз рӯйи асари нависанда ва драмаванависи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу таҳия шуда, онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир ба саҳна гузошт. Иҷрои нақш дар ин намоиш актрисаи ҷавон Гулмираро ба Туркия бурд.

7-9-уми апрели соли равон дар Истамбул Фестивали «Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу» баргузор шуд, ки ҳунармандони тоҷик бо намоиши “Бунбаст” дар он ширкат карданд. Гулмира мегӯяд, ки аз нахустин сафари ҳунарии хориҷиаш хотироти зиёд дорад…

Санге ба гӯри Лайлӣ

“Бунбаст” ягона муваффақияти Гулмира нест. Мухлисони кино ҳунарнамоии ӯро дар филми бисёрсериягии “Санге ба гӯри Лайлӣ” низ дидаанд.

“Коргардони ин филм Баҳриддини Сабур барои ёфтани иҷрокунандаи нақши асосӣ — Баноз ба донишкада меояд. Барои ӯ духтаре лозим буд, ки симои табиии тоҷикона дошта бошад ва барои зебоӣ аз усулҳои муосир истифода накарда бошад. Ҳамин тавр, маро тавсия медиҳанд. Дар ин филм низ бо ҳунармандони шинохта Салоҳиддини Шукур ва Моҳпайкар Ёрова нақш мебозам”,- мегӯяд ӯ.

Банози иҷрокадаи ӯро мухлисон хуш пазируфтанд, ки Гулмира низ аз ин хушҳол аст.

Аз суҳбат бо ин актрисаи ҷавон, ки хеле самимӣ ва заминӣ низ ҳаст, дарк кардам, ки инсон бояд ба сӯйи орзуҳояш гомҳои устувор гузорад. Агар азму ирода қавӣ бошад, инсон ҳама садҳоро убур мекунад.

Мо ба Гулмира Аҳрорзода барору комёбӣ мехоҳем!

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *