Интиқоди Ташриф Халилов аз қаллобони интернетӣ

Яке аз ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик Ташриф Халилов, ки вақтҳои охир ба гузаронидани ҳар гуна бозиҳои интернетӣ машғул аст, дар саҳифаи расмии худ аз фиребу найранги як гуруҳ қаллобони интернетӣ хабар дод.

— Якчанд рӯз пеш навори моро дар “Тик-Ток” гузоштанд ва дар он рақамҳои худро монда, мардумро ба тахфифи соатхарӣ фиреб карданд. Ба ман як нафар занг зад, ки “мо аз шумо зиёда аз 100 соат харидем”, вале мо огоҳ шудем, ки қаллобон ӯро фиреб кардаанд. Хуллас, он мард 13 ҳазор сомонӣ ба қаллобон дода, гӯё соат харидорӣ кардааст,- гуфт мавсуф.

Дар идома Ташриф Халилов мегӯяд, ки бо кумаки мақомоти дахлдор қаллобро ёфта, дастгир кардаанд ва дар муддати наздик агар иҷозат диҳанд, навор карда, ба мардум нишон медиҳад. — Ман “Тик-Ток” надорам ва илтимос, фирефтаи қаллобон нашавед. Ҳама рақамҳоро санҷед, бо мо тамос гиред ва баъд аз мо билет харидорӣ намоед,- илова мекунад Ташриф.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.