Интихобот ва рушди демократия. Ҳамоиш дар ДМТ

Имрӯз, 13 феврал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Интихобот ва рушди демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»доир гашт.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оғоз ёфт. Ӯ гуфт, ки баргузории интихоботи шаффофу демократӣ яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд аст. Таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин раванд омили муҳим барои пешрафти ҷомеа мебошад.

Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи муҳимми ташаккули давлатдории мустақил барои Тоҷикистон марҳилаи таърихии навро боз намуд. Дар ин замина интихоби роҳи демократии рушд тақозо менамуд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Бо ин мақсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ амалӣ гардид. Ниҳоди интихобот ҳамчун воситаи ташаккул ва таъмини қонунмандии ҳокимият дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, муайян намудани масири рушд ва суботи сиёсӣ дар давлат нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки «ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Муқаррароти конститутсионии мазкур барои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун василаи баёни иродаи халқ замина гузоштааст.

Дар идомаи ҳамоиш раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзодадоир ба мавзуъҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва фарҳанги интихоботӣ сухан ронда, ба иштирокчиён иттилооти фарогир ва муфидро дар бораи тартибу қоидаҳои баргузории интихобот, инчунин, масъулияти шаҳрвандон барои таъмини шаффофият ва адолати ин маъракаи муҳимми сиёсӣ суханронӣкарданд.

Ҳамзамон, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ дар мавзуи “Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ, дотсент Маҳмудов Изатулло Тешаевич оид ба мавзуи “Фарҳанги интихоботӣ” ва дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони ДМТ, номзади илмҳои сиёсӣ Раҷабов Имомиддин Ширинович дар мавзуи “Интихобот ҳамчун ифодаи фарҳанги сиёсӣ ва василаи таҳкими давлатдории миллӣ” маърӯза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми марти соли ҷорӣ интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *