IRS: Омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддиву захираи маводи зарурӣ кофист

Аз маълумоти воситаҳои ахбори омма, сомонаи филиали ширкат ва саҳифаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон хулоса кард, ки ҳолати омодагӣ ба мавсими сармо хеле беҳтар аст. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳубини 24-соатаро талаб менамояд. Дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд.

Агар бо мусоид гардидани обу ҳаво дар фаъолияти IRS таъмири таҷдиди роҳ мақоми меҳварӣ касб кунад, дар мавсими сармо таваҷҷуҳи масъулин ба рафъи пайомади тармафароӣ, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш равона мешавад. Далелу рақамҳо гувоҳи онанд, ки имсол низ мавсими таъмиру таҷдиди роҳ бо нишондиҳандаҳои арзанда ва барзиёд ҷамъбаст гардидааст.

Ҳоло кормандони IRS ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишворӣ мадди назар аст. Илова бар ин, кормандон бо сарулибоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.

Масъулини IRS хуб дарк кардаанд, ки айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият монеа хоҳад гашт. Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” ба тасвиб расида, ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб меёбад.

Бино ба гуфти масъулин, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкат ним миллион литр сӯзишвории дизелӣ, зиёда аз 17400 тонна маводи зиддилағжиш захира шуда, ин раванд идома дорад. Аз ҷумла, дар намояндагии Варзоб то ин вақт 6500 тонна маводи зиддилағзиш, Зарафшон 5600 тонна ва Суғд  5359 тонна чунин мавод захира шудааст. Бо дарназардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе – Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, харҷи ин намуди мавод низ сол то сол тамоюли афзоишро касб кардааст.

Илова бар ин, чархҳои резинии зимистонаи мошин ва механизмҳои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфҳои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории 535000 литр чунин маводро доранд, баркарор карда шудаанд. Муҳимтар аз ҳама, техникаву механизм филиали Ширкат, ки теъдодашон 242 адад аст, ба мавсими зикршуда пурра омодаанд.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Далелу рақамҳои мазкур, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ба таври назаррас афзуда истодаанд, имкон фароҳам меоранд, ки рисолати филиали Ширкат – нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Дар маҷмуъ, далели раднопазир он аст, ки фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтдошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ дигар карда, мактаби бузурги андӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ гардид. Бинобар ин, аксар давлатҳои собиқ ИҶШС маҳз ба таҷрибаи IRS, бо дарназардошти модели барои табодули таҷриба арзанда пайравӣ намуданд.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *