Исфара: Нуқтаи ёрии таъҷилӣ ба истифода дода шуд

Дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара нуқтаи ёрии таъҷилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни баистифодадиҳии нуқтаи ёрии таъҷилӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода сухан карда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намудааст.

Ҳамчунин, мавсуф иброз доштааст, ки ҳифзи солимии аҳолӣ аз бахшҳои муҳими афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамасола барои рушди ин соҳа марҳила ба марҳила иншооти замонавии тиббӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон, дар нуқтаи навтаъсиси ёрии таъҷилӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат як адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.