Иштироки Раҳмонзода дар чорабинӣ ва ярмарка дар Самарқанд

Абдуҷаббор Раҳмонзода, cафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар чорабинии адабӣ бахшида ба 144-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд иштирок кард.

Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси рӯзномаи «Овози Самарқанд», Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Самарқанд ва тоҷикзабонони вилоятҳои Ӯзбекистон баргузор гардидааст.

Сафари Абдуҷаббор Раҳмонзода ба шаҳри Самарқанд рӯзҳои 14-15-уми апрели соли равон сурат гирифта, ӯ ҳамчунин дар ярмаркаи саноатӣ бо намоиши имкониятҳои сайёҳӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, мебелсозӣ, саноати электротехникӣ ва қолинбофӣ, ки дар Маркази намоишии «Sof Expo Samarkand»-и ноҳияи Ҷонбойи вилояти Самарқанд баргузор гардид, иштирок намудааст.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.