Ислоҳот – раванди тӯлонӣ ва марҳилавӣ

Мусоҳиба бо под⅘полковники милитсия Сафарзода Акмал Сафар, ёрдамчии сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд

– Раванди ислоҳоти милитсия дар кадом марҳила қарор дорад?
Соли 2013 мо ба кори ислоҳот оғоз кардем, барнома аз тарафи роҳбарияти вазорату раёсат амалӣ шуда истодааст. Мо бояд ба ҳамаи ҳадафҳое, ки дар ин барнома зикр шудаанд, расем. Ин кор дар як ё ду сол иҷро намешавад. Аз соли 2013 оғоз карда, то соли 2020, баъд то соли 2023 ва ҳоло то соли 2025 идома дорад.
Ислоҳот бояд марҳила ба марҳила анҷом шавад, зеро мо ҳанӯз ба ҳадафи ниҳоӣ нарасидаем ва корҳои зиёде боқӣ мондаанд. Барои пеш бурдани ислоҳот, иштироки донорҳо ва маблағгузории ҷиддӣ зарур аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ айни замон саҳм гузошта истодааст, дар рафти ислоҳот то ин рӯз хеле корҳо ба итмом расидааст.
Метавонед мисолҳои мушаххас биёред?
Дар доираи ислоҳот якчанд шӯъбаҳо сохта ба истифода дода шуданд, Академияи милитсия корашро васеътар кард, Маркази мубориза бо терроризм ва экстремизм таъсис дода шуд, ки ин ҳам дар доираи ислоҳот пайдо шудааст. Дар самти кадромӯзӣ диққати ҷиддӣ дода шуда истодааст.
Дар доираи барномаи ислоҳот, мо нуқтаҳои сайёри милитсия таъсис додем, мошинҳое, ки ҳамчун утоқи корӣ хизмат мекунанд. Мақомоти гуногун бо аҳолии ноҳияҳои дурдаст мулоқот карда, арзу шикоятҳоро мешунаванд ва оид ба барномаи ислоҳот фаҳмонда медиҳанд. Ҳоло мо дар ҳудуди вилоят 4 чунин мошин дорем, ки ҳар моҳ 4 маротиба ба минтақаҳо сафар мекунанд.
Ислоҳот маблағи бисёре талаб менамояд ва ҳукумат бо ҷалби шарикон ва саҳми худ дар ин самт мунтазам корбарӣ карда истодааст. Масалан, агар шартан шаҳри Истиқлолро гирем, барои татбиқи ислоҳоти пурра, на камтар аз 2,5-3 миллион доллар маблағ зарур аст. Зеро дар ҳолати ҷорӣ шудани ислоҳот, тамоми сохторҳои ВКД бояд тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи политсия» фаъолият кунанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» дар сомонаи расмии ВКД нашр шудааст. Ҳадаф аз ин — ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиш ва пешниҳоди фикру таклифҳост.
Қобили зикр аст, ки сомонаи вазорат низ дар доираи ислоҳот пурзӯр карда шуд. Вақтҳои пеш журналистон барои гирифтани ҳисобот ба мо хеле зиёд муроҷиат мекарданд. Ҳоло бахши махсуси сомона бо иштироки 8 корманд кор мекунад, таҳлилҳои заруриро ҳар рӯз ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — нашр мекунанд.

Аҳолӣ дар баррасии ин қонун то чӣ андоза фаъол ҳастанд?
Тавре таҷриба нишон медиҳад, дар вохӯриҳои нозирони минтақавӣ бо аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ, бисёре аз шаҳрвандон аз ибрози фикр худдорӣ мекунанд. Шояд бовар надоранд ё аз кормандони милитсия метарсанд. Агар кормандон фаҳмонанд, ки ҳисоботи онҳо як қисми барномаи ислоҳот аст, шояд фаҳмиши аҳолӣ беҳтар шавад. Ба фикри ман, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ паст аст. Одамоне, ки дар ин соҳа фаъол нестанд, аксаран дар бораи ислоҳот маълумот надоранд.
Ғайр аз ин, ду хати телефонии боварӣ фаъол аст — яке дар сатҳи вазорат ва дигаре дар сатҳи раёсат.

– Муроҷиат тавассути телефони боварӣ бисёр аст? Бо кадом сабабҳо муроҷиат мекунанд?
Дар панҷ моҳи соли 2025, тариқи телефони боварии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар маҷмӯъ 251 муроҷиат ворид шудааст. Аз ин шумора, баъзеашон тасдиқ шуданд 32 ҳолат, ва 188 тасдиқашро наёфтааст ва 31 муроҷиат ҳоло дар ҷараёни баррасӣ қарор доранд.

  1. Муроҷиат вобаста ба содиршавии ҷиноятҳо:
    Дар маҷмӯъ 13 хабар ворид шудааст, ки аз онҳо 11-то тасдиқашро наёфтааст ва 2-то дигар дар истеҳсолот қарор дорад.
    Оиди дуздӣ 1 ҳолат гузориш дода шудааст ва он муроҷиат тасдиқ нашудааст.
    • Ҳамчунин, 3 ҳолати латукӯб ворид гашта, дутояш тасдиқ
    нашудааст ва 1 дар истеҳсолт қарор дорад.
    • 8 муроҷиат вобаста ба барнагардонидани маблағи қарз ворид шуд, ки 7 ҳолат тасдиқ
    нашудааст, 1 муроҷиат дар истеҳсолот қарор дорад.

  2. Муроҷиат вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ:
    Дар ин самт, 50 муроҷиат қабул шудааст.
  3. Аз онҳо 11-то тасдиқ, 28-то тасдиқ нашуда, ва 11 муроҷиат дар истеҳсолот қарор доранд.
  4. Аз ҷумла, 7 ҳолати дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ буданд. 4-то тасдиқ, 1-то рад, ва 2-то ҳанӯз баррасӣ мешавад.
  5. Оиди майдаавбоши (дашному ҳақорат, дағалӣ) – 3 муроҷиат ба қайд гирифта шуд, ва ҳарсеи он тасдиқашро наёфтааст.
  6. 40 ҳолати дигари ҳуқуқвайронкунӣ низ буд, ки 7-тоашон тасдиқ, 24-то рад, ва 9-то ҳоло таҳқиқ шуда истодаанд.
  7. Арзу шикоят нисбат ба кормандони милитсия:
    Дар маҷмӯъ 188 арзу шикоят нисбати кормандони милитсия ба қайд гирифта шудааст. Аз онҳо 21 муроҷиат тасдиқ, 149-то рад, ва 18-то ҳанӯз таҳти баррасӣ қарор доранд.
    • 24 шикоят оид ба дағалӣ кардани кормандон буд, ки 3-то тасдиқ шуд, 19 нашуда, 2 дар ислеҳсолот қарор дорад.
    • 77 ҳолат дар бораи тартиб додани протоколи маъмурии беасос ворид шудааст, аммо танҳо 1 ҳолат тасдиқи воқеӣ гирифт,
    66 тасдиқ нашудааст, ва 10 ҳолат ҳоло баррасӣ мешавад.
    • Дар мавриди муроҷиат вобаста ба талаб кардани маблағ, 5 шикоят ворид шудааст, ки 4-тои онҳо тасдиқ
    нашудааст, ва 1 ҳолат дар истеҳсолот қарор дорад.
    • Ҳамчунин, 62 муроҷиати дигар, ки ба масъалаҳои гуногун дахл доштанд, ба қайд гирифта шуданд – 9-то тасдиқ
    , 49 тасдиқ нашуда, 4-то ҳоло таҳқиқ шуда истодаанд.

– Чӣ гуна метавон эътимоди мардумро ба кормандони милитсия тақвият бахшид?
Агар корманди милитсия дониши ҳуқуқӣ дошта бошад, ба забони шаҳрванд ҷавоб дода тавонад, ё тавонад машварати дуруст диҳад эътимоди мардум боло меравад. Барои расидан ба ҳадафҳои ислоҳот, мо бояд сатҳи саводнокии касбии ҳайати шахсиро баланд бардорем.
Дар доираи ислоҳоти идора, масъалаи рушди касбии кормандон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Мо талош дорем, ки кормандонамон на танҳо дар сатҳи назариявӣ, балки аз ҷиҳати амалӣ ҳамеша омода ва ҷавобгӯйи талаботи замон бошанд. Аз ҳамин рӯ, чанд ташаббуси мушаххасро амалӣ кардаем:

  • Забономӯзӣ. Бо дарки зарурати донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ, мо рӯзҳои алоҳидаро барои дарсҳои забономӯзӣ ҷудо кардем. Мутахассисони соҳибтаҷриба бо кормандон кор мекунанд, то малакаҳои гуфторӣ ва фаҳмиши матнро беҳтар кунанд.
  • Омодагии ҷисмонӣ. Ба омодагии ҷисмонӣ низ аҳамияти калон медиҳем. Як рӯзи ҳафта махсус ба машқҳои варзишӣ бахшида шудааст. Ин машқҳо гимнастика, дави саҳарӣ то 5 километр ва дигар машғулиятҳоро дар бар мегиранд.
  • Марказҳои тестӣ. Пеш аз гирифтани рутбаи нав ё таъин шудан ба вазифаҳои дигар, кормандон ҳатман аз санҷишҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаранд. Ин раванд ба мо имкон медиҳад, ки сатҳи омодагии касбиро воқеӣ арзёбӣ кунем.

Ба ғайр аз ин, дар нимсолаи аввали соли 2025 беш аз 100 корманд давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисосро паси сар карданд. Барои мисол:
52 нафар аз курси ибтидоӣ, ки дар ду марҳила баргузор шуд, гузаштанд;
• 20 нафар афсарон аз муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳрвандӣ ба мо ҳамроҳ шуданд ва таҳсилро давом доданд;
• 12 нафар кормандони қисми навбатдор, 10 нафар аз бахши таҳқиқу тафтишот ва 5 нафар аз милитсияи минтақавӣ низ дар барномаҳои омӯзишӣ иштирок карданд;
• Аз МЗҒФММ ва қисми техникӣ (қисми оперативӣ) низ 5 ва 9 нафар мутаносибан ба омӯзиш ҷалб гардиданд.
Гарчанде ки дар ин нимсолаи муайян барои сарнозирон ва муовинони шӯъбаҳо омӯзиш ба нақша гирифта нашуда буд, вале дар семоҳаи оянда чунин барномаҳо пешбинӣ шудаанд.
Ҳамин гуна чорабиниҳо нишон медиҳанд, ки рушди захираҳои инсонӣ дигар як шеваи кории ҳаррӯза гардида, ба як қисми муҳими фаъолияти мо табдил ёфтааст.

– Кадом мушкилиҳо дар ҷараёни ислоҳот вуҷуд доранд?
Мушкилии асосӣ — ақиб мондан аз пешрафти техникаву технологияҳои муосир аст. Ислоҳот он вақт натиҷа медиҳад, ки корманди милитсия ҳамқадами замон бошад. Технологияҳо зуд тағйир меёбанд, корманд бояд фавран онҳоро аз худ кунад, то бо ҷамъият қадам ба қадам пеш равад.

Мусоҳиб: Шероз Шарифов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *