Исмоилзодаро барои пӯшондани парвандаи Мадина аз мақомаш барканор кардаанд

Cардори шуъбаи корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зафар Исмоилзода дар робита ба қазияи Мадина Мамадҷонова аз мақом барканор шудааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли “се манбаи боварибахш дар ҳукумат ва мақомоти тафтишотӣ” хабар дод. Ба гуфтаи ин манобеъ, додситонии кулли Тоҷикистон аъмоли Зафар Исмоилзодаро месанҷад. Рӯзи 5 ноябр ба ҷои Зафар Исмоилзода Илҳом Ҷабборзода сардори ШВКД №2 ноҳияи Сино таъин шуд.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, “қазияи Мадина” дар машварати кории ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 2 юми ноябр баррасӣ шуд. Ҳамсуҳбати мо, ки аз қазия огоҳ аст, гуфт, “Эмомалӣ Раҳмон аз мақомот сахт танқид кард”.

Исмоилзода, ки шоми 2 юми ноябр пас аз анҷоми машварати кории аъзои ҳукумат аз мақом барканор шудааст, бо чанд зердасташ ва як корманди Додситонии ноҳияи Сино дар робита ба “тақаллубкории парвандаи латукӯби Мадина Мамадҷонова” гумонбар мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *