Фаластин

Исроил ва Фаластин. Даҳсолаҳои муқовимат

Дар ҷуғрофиёи имрӯзаи Фаластин ва Исроил қаблан як кишвар мавҷуд буд — Фаластин. Дар даҳсолаи дувуми асри гузашта сарвазири вақти Бритониё Балфур тасмим гирифт, ки дар Фаластин, ки зери тасарруфи инглисҳо буд, давлати яҳудиҳоро барпо месозад. Он замон яҳудиён 5%-и аҳолии умумии Фаластинро ташкил медоданд.

Пас аз анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон бо қарори СММ, соли 1947 замини Фаластин байни мардуми таҳҷо ва яҳудиён тақсим карда шуд. Ба фаластиниҳо ҳамагӣ 49%-и заминҳояшон насиб гардиду халос. Боқимонда аз они яҳудиён шуд, зеро дар пушти онҳо қудратҳои бузург, аз ҷумла Аврупо ва ИМА меистоданд. Пас аз ин яҳудиён аз ҳар гӯшаи ҷаҳон ба Исроили навтаъсис села-села кӯчонида оварда шуданд.

Бо ин ҳама қаноат накарда, ҳукуматдорони исроилӣ сиёсати ишғолгаронаро пеш гирифтанд, ки боиси ҷанг дар соли 1948 гардид. Дар натиҷа ишғолгарон то 78 фоизи заминҳои фаластиниҳоро ба тасарруфи худ дароварданд.

Ҷанг байни кишварҳои арабӣ ва яҳудиён дар соли 1967 вазъи мардуми фаластинро боз ҳам табоҳ кард. Кунун мардуми фаластин дар қисмати ғарбии соҳили рӯди Урдун ва минтақаи Ғазза зери назорати шадид қарор доранд. Имрӯз ҳамагӣ 22%-и заминҳояшон ба фаластиниҳо тааллуқ дораду халос.

Беҳуқуқӣ, таҳқиру таъқиб ва озорҳои пайваста ва кушторҳо боис шуда, ки нисфи мардуми Фаластин тарки ватан намоянд. Ҳоло беш аз 7 миллион фаластинӣ дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд. 7 миллион фаластинии боқимонда барои аз як минтақа ба минтақаи дигар рафтан даҳҳо постгоҳи неруҳои исроилиро бояд убур кунанд. Ҳамин аст, ки байни ду кишвар муноқиша даҳсолаҳо боз идома дорад ва маҳол аст, ки поён ёбад… 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *