Истеҳсол зиёд, нархҳо осмонӣ. Сабаб дар чист?

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% афзудааст. Дар ин бора вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Вале бо вуҷуди афзоиши истеҳсол нархи маҳсулот низ дар бозорҳои кишвар дар ин давра боло рафтааст. Вазири кишоварзӣ сабабҳои асосии болоравии нархи маҳсулоти кишоварзиро афзоиши хароҷот барои парвариши онҳо, яъне хароҷоти сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ унвон кард. 

Дар зер 5 навъи маҳсулотро меорем, ки дар муқоиса бо соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар истеҳсол шудаанд. Ва маҳз нархи ҳамин маҳсулот нисбат ба соли 2021 аз ҳама зиёдтар боло рафтааст.

Моҳӣ

Истеҳсол — 1 ҳазору 145 тонна

Афзоиши истеҳсол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта — 26,5%

Нархи миёна — 1 кг аз 35 то 60 сомонӣ

Афзоиши нарх 20 — 40%

Тухм

Истеҳсол — 576,1 млн дона

Афзоиши истеҳсол — 24,5%

Нархи миёна — 1 донаи он 1 сомониву 40 дирам

Афзоиши нарх — 40%

Гӯшти мурғ

Истеҳсол — 20,3 ҳазор тонна

Афзоиши истеҳсол — 11,5%

Нархи миёнаи он — 40 сомонӣ

Афзоиши нарх — 25%

Ангур

Истеҳсол — 2,4 ҳазор тонна

Афзоиши истеҳсол — 11,2%

Нархи миёнаи он — 15 сомонӣ

Афзоиши нарх — 50% 

Тарбуз ва харбуза

Истеҳсол — 283 ҳазор тонна

Афзоиши истеҳсол — 7,6%

Нархи миёна — 1 кг 6 сомонӣ

Афзоиши нарх — 50%

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *