Истиқболи Президенти Муғулистон дар Қасри миллат

24 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар майдони Қасри миллат баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух самимона истиқбол намуда, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *