Спитамен: Беш аз 50 ҳолати истифодаи ғайриқонунии барқ ошкор шуд
Дар ноҳияи Спитамен давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби кормандони шабакаҳои тақсимоти барқ 54 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ошкор шудааст.
Дар ин бора масъули шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия Қодирӣ Шарафҷон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода гуфт, ки то имрӯз 80%-и ин маблағҳо руёнида шудааст. 20%-и дигар бошад тариқи ҷадвалҳои пардохти муваққатӣ давоми 4-5 моҳ руёнида мешавад.
Раиси ноҳияи Спитамен Темур Нӯъмонзода низ аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ карда, афзуд ки аксари қонунвайронкунандагон сокинони оддии ноҳия буда, муаммо дар ҳисобкунакҳои куҳнаи барқии онҳо будааст.
Ба иттилои масъулин, зарари расида ба шабкаҳои тақсимоти барқ дар умум ба 234 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ