Истиқболи расмии Қоҳир Расулзода дар Эрон(аксҳо)
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад. Ӯ 17 феврал вориди шаҳри Теҳрон шуд ва маросими истиқболи расмӣ дар Маҷмааи фарҳангӣ – ҳунарии Саъдобод доир шуд.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” баъди маросими истиқболи расмӣ мулоқоти хосcаи Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Муҳаммадризо Ориф ва мулоқоти ҳайатҳои васеъ баргузор гардид.



Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки Эрон дар низоми равобити байналмилалии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.

“Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки соли равон дар доираи сиёсати муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён гардиши мол байни ду давлат афзоиш ёфта, муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба таври назаррас густариш меёбанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Таъкид карда шудааст, ки муносибатҳои кишварҳо муштаракоти таърихию фарҳангӣ дошта, ду миллат тамаддуни бой ва забони ҳаммонанд доранд.
Ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои барои ҷонибҳо манфиатовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин, дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ