«Истиқлол»-и Душанбе голи 900-умашро ҷашн гирифт

Бозиҳои даври 15-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд, ки дар натиҷа дар ду бозӣ дастаҳои мизбон ва дар як бозӣ меҳмонон ғалаба карданду ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфт.

КМВА баъд аз истеъфои мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ зери роҳбарии собиқ бозигари даста Шамсиддин Қосимов дар бозии хонагӣ бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 пирўз шуд. Голи ягонаро Асадбек Ҷурабекзода зад. Дар хабар аст, ки ба дастаи артиш мутахассиси дигари эронӣ Аббос Азизӣ роҳбарӣ хоҳад кард.

“Регар-ТадАЗ”, ки низ сармураббиашро иваз карда буд, бо роҳбарии Алиёр Ашўрмаҳмадов дар майдони худ аз дастаи “Истаравшан” шикаст хўрд — 1:2. Ҳар се голро истаравшаниҳо заданд. Ҷаъфар Исмоилов дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Ҳусейн Нурматов як гол ба дарвозаи дастааш, як голи дигар ба дарвозаи ҳариф зад.

Дар бозии дигар “Истиқлол” ба дарвозаи “Эсхата” ду голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 68 аз пеналтӣ ҳисобро кушод, голи дуюмро Шервонӣ Мабатшоев дар охирин дақиқаҳои дидор (90+6) зад. Баъди ин бозӣ «Истиқлол» ҳисоби голҳояшро дар Чемпионати Тоҷикистон ба 900 расонд.

Ду бозии дигар миёни дастаҳои “Равшан”-и Кўлоб — “Равшан”-и Зафаробод (2:2) ва “Хатлон” — “Файзканд” (0:0) мусовӣ анҷом ёфтанд.

Бозиҳои даври навбатӣ 30-юми сентябр, 1-2-юми октябр ба нақша гирифта шудаанд. Дар даври 16-ум 30-юми сентябр “Эсхата” бо “Хатлон”, 1-уми октябр “Хуҷанд” бо “Файзканд”, “Равшан”-и Кўлоб бо “Регар-ТадАЗ”, 2-юми октябр “Истаравшан” бо “Истиқлол”, КМВА бо “Равшан”-и Зафаробод вомехӯранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *