«Истиқлол» маротибаи ёздаҳум ғолиб шуд

Дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода дар ҳузури 5600 нафар тамошобин бозии Суперҷоми футболи Тоҷикистон -2022, ки мавсими 13-умаш аст, миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Суперҷоми кишвар бозии арзанда ва ҷолиб нишон доданд. Рустам Соиров дар охирҳои бозӣ ба майдон баромад ва бозии дастаи «Истиқлол» ранги дигар гирифту онҳо дар дақиқаи 84-уми бозӣ тавонистанд маҳз тавассути ҳамин бозигар ба задани гол даст ёбанд. Дар идомаи вохўрӣ дастпарварони Рустам Хоҷаев кўшиши баробар кардани ҳисоби бозиро намуданд, лек ҳама бенатиҷа анҷом ёфт.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 11-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид. Ин ду даста бори панҷум барои Суперҷом миёни ҳам мубориза бурданд. Дар чор бозии пешин (солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020) дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пирўз шуда буд.

Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста ҷомро соҳиб шудаанд. «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ёздаҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кўлоб (2013) ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор (2017) якборӣ Суперҷомро ба даст овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *