«Истиқлол» дар «Риёз» омодагиро шуруъ кард

Бошгоҳи “Истиқлол” ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё аввалин тамринҳояшро дар варзишгоҳи КФ “Риёз” баргузор кард.

Футболбозони дастаи “Истиқлол” давоми ин муддат дар майдон саргарми тамринҳои гуногун шуданд. Ҳайати даста барои ширкат дар бонуфузтарин мусобиқа миёни бошгоҳҳои Осиё зери роҳнамоии Виталий Левченко аз 20 бозигар таркиб ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи кишвари мо шомили гуруҳи “А” буда, дар мусоибқаи мутамарказонидашуда дар Арабистони Саудӣ бо дастаҳои “Ал-Шарҷа”, “Ал-Ҳилол” ва “Ал –Раян” майдондорӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд. 8-уми апрел соати 20:15 ба вақти Душанбе дар доираи бозиҳои даври аввали гуруҳӣ “Истиқлол” бо дастаи “Ал-Раян” аз Қатар сабқат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *