«Истиқлол» ба «Равшан» бохт

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамонии чаҳоркаратаи Тоҷикистон дар бозии даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ аз тими “Равшан”-и Кӯлоб шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи гузашта (25 сентябр) дар майдони марказии ноҳияи Данғара баргузор гашта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Равшан” хотима ёфт. Ду голи дастаи “Равшан”-ро Зокир Абдулхайров ва Музаффар Назаров ба ҳадаф расониданд. Ягона голи “Истиқлол”-ро Ҷаҳонгир Алиев вориди дарвозаи ҳариф сохт.

Дафтари матбуоти “Истиқлол” дар пасманзари ин бохт навиштааст, ин нахустин мағлубияти даста давоми се соли муваффақиятҳои бидуни бохт дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мебошад. Тими “Истиқлол” охирин маротиба соли 2013 дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон аз “Хайр”-и Ваҳдат шикаст хӯрда буд.

«Истиқлол» ва «Равшан» рӯзи якуми октябр дар бозии нахустини даври нимниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе қувва меозмоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *