Мулоқоти Трамп бо Муҳаммад Бен Салмон дар Кохи Сафед
18 ноябр Муҳаммад Бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ бо Доналд Трамп дар Вашингтон мулоқот анҷом дод. Ин дидор аз сӯи коршиносон ҳамчун лаҳзаи калидӣ дар таҷдиди равобити байни Вашингтон ва Риёз арзёбӣ мешавад.
Ҷонибҳо дар мавзуҳои дифоъ, амният ва энергетика табодули назар карданд. Муҳаммад Бен Салмон дар Кохи Сафед гуфт, ки Арабистони Саудӣ 1 триллион доллар дар Амрико сармоягузорӣ мекунад ва имкони афзоиши сармоягузориаш аз 600 миллиард доллар ба 1 триллион доллар вуҷуд дорад. Доналд Трамп инро “олӣ” арзёбӣ намуд.
Пештар Доналд Трамп низ Арабистонро “як мутаҳиди бисёр хуб” тавсиф карда, гуфт, ки Амрико ҷангандаҳои F-35-ро ба ин кишвар хоҳад фурӯхт.
Сафари Муҳаммад Бен Салмон ба Амрико дар ҳоле сурат гирифт, ки баҳсҳо ба хотири қазияи кушта шудани рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ, ки соли 2018 рух дода буд, идома доранд. Дар ҷараёни дидор хабарнигорони шабакаи ABC аз Бен Салмон дар бораи марги Хошуқчӣ пурсиданд. Доналд Трамп гуфт, ки валиаҳди Арабистон “кори фавқулодае анҷом додааст” ва “дар бораи қатл чизе намедонист”. Муҳаммад Бен Салмон ин кушторро “хатои бузург” номид ва таъкид кард, ки ин ҳодиса ба муносибатҳои ду кишвар осеб расондааст.
Таҳлигарон таъкид мекунанд, ки сафари Муҳаммад Бен Салмон ва дидораш бо Доналд Трамп як қадами стратегӣ барои тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, дифоӣ ва иқтисодӣ байни Вашингтон ва Риёз мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ