Ҷияни президентро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ интиқол доданианд

Додситонии шаҳри Киеви Украина аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Печери шаҳр шикоят бурд. Додгоҳ қарор кард, ки Акбаралӣ Абдуллоев, хеши президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шавад.

Абдуллоев писари хоҳари ҳамсари Каримов аст. Вай 14 январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Киев боздошт шуд. Тошканд Абдуллоевро дар содир кардани ҷинояти иқтисодӣ айбдор мекунад.

Додгоҳи ноҳияи Печер дархости додситонии шаҳри Киевро дар бораи тамдиди муҳлати ҳабси Абдуллоев қонеъ накард

«Додгоҳ ба ин тартиб қарор кард, ки Абдуллоев то 19 июн дар ҳабси хонагӣ боқӣ монад. Тибқи ин қарор, ҳамаи ҳаракоти Абдуллоев дар ҳабси хонагӣ низ аз сӯи мақомоти қудратӣ назорат мешавад. Бо ин вуҷуд, додситонии Киев ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат карда, хоҳони бозбинии қарори додгоҳи Печер шуд», — хабар медиҳад додгоҳи Печер.

Вакилони Акбаралӣ Абуллоев бо ҳадафи пешгирӣ аз истирдоди вай ба Тошканд аз Хадамоти муҳоҷирати Украина дархост карданд, ки ба зерҳимояашон мақоми паноҳандагӣ диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *