Эҳтиёт бошед ҳавои номусоид

 Ҳавои номусоид дар қаламрави ҷумҳурӣ имрӯз, 28 апрел низ боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе борони шиддатнок дар назар аст.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, дар мамлакат пастшавии ҳарорати ҳаво мушоҳида карда шуда, дар баландии зиёда аз 2500 метр борон ба барфи тар мубаддал мегардад.
Дар ин рўзҳо дар ноҳияҳои доманакўҳ ва кўҳӣ хавфи омадани сел дар назар аст. Чунин ҳолат то 30 апрел боқӣ мемонад. Дар қаторкўҳҳои Ҳисор ва кўҳҳои Помир хавфи фаромадани тарма ва сангрезаҳо низ хеле баланд аст.
Хатари осеби раъду барқ вуҷуд дорад.
Таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёҳо боқӣ мемонад, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хавфи омадани сел ва лағзиши тарма, ҳамчунин резиши санг вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *