Ҷияни зани Каримовро боздошт карданд

Акбаралӣ Абдуллоев – ҷияни як замон маъруфи Татяна Каримова – ҳамсари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар Украина боздошт шудааст. Мақомоти Киев, пойтахти Украина, гуфтанд, ки ӯ таҳти пайгарди пулиси байналмилалӣ ё Интерпол қарор дошта, ба қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Ҳангоми боздошт аз Абдуллоеви 33-сола шиносномаҳои Доминикан ва Узбакистон гирифта шудааст. Вай соли 2014 низ ба ҷурми ҷиноятҳои иқтисодӣ дар кишвараш боздошт шуда буд. Он вақт баъзе аз манобеъ гуфтанд, Акбаралӣ Абдуллоев шахсан бо амри Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дастгир шудааст.Дар ҳоли ҳозир Абдуллоев барои аз худ кардани беш аз 90 миллион доллар, пинҳон намудани 200 миллион доллар ва 271 ҳазор евро айбдор мешавад. Инчунин, ӯ барои гирифтани фоида аз фаъолиятҳои ғайриқонуниаш ба маблағи 77,4 миллион франки швейтсарӣ ва 200 ҳазор пули Латвия муттаҳам аст.​Акбаралӣ Абдуллоев феълан дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати умури дохилии Украина дар Киев нигаҳдорӣ мешавад. Ҷониби Украина мегӯяд, ки масъалаи истирдоди ӯро ба Узбакистон баррасӣ дорад. Вебсайти Fakty.ua навиштааст, Абдуллоев чанд рӯз пеш аз фурудгоҳи Жулян ба Украина омадааст. Нерӯҳои марзбонии Украина номи Акбаралӣ Абдуллоевро дар листи Интерпол дида ва ӯро боздошт кардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *