Изҳороти бардурӯғу таҳрифи воқеият аз забони Имонқулов

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд.

 «Чунин изҳорот дар асоси сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар нигаронида шудааст. Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ, ки ба виҷдони муаллифони онҳо вобаста аст, дар ин лаҳзаҳо метавонад вазъиятро барои халқҳои мо душвор гардонад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вобаста ба мусоҳибаи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов.

Дар робита ба ин Вазорати корҳои хориҷии кишвар бори дигар мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди қобили қабул набудани тезутундшавии вазъ дар фазои расонаӣ тасдиқ кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.