Кӯлоб: Сухтор дар Донишкадаи технологӣ

Субҳи имрӯз, тақрибан соати 3:50 дақиқа бинои “Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ” дар шаҳри Кӯлоб оташ гирифта, қисмати толори маҷлисгоҳи донишкада ба тамом сӯхта оташ гирифта, ба қисмати бинои таълимӣ часпидааст. Хабар дод нашрияи Пайк.

Хабарнигори “Пайк” аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки сӯхтори бино бар иттилои шоҳидон соати 3:50 дақиқаи субҳ сар зад, қисмати толори маҷлисгоҳи донишкада ба тамом сӯхта оташ гирифта, ба қисмати бинои таълимӣ часпидааст.

Гуфта мешавад, ки мошинҳои сӯхторхомӯшкунии “Хадамоти давлатии оташнишони”-и шаҳри Кӯлоб адои вазифа намуда, машғули хомӯш намудани оташанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.