Кӯмак ба ятимон дар Кӯшониён

 Дар ноҳияи Кӯшониён ба кӯдакони ятим либоси зимистона ва ширинӣ доданд.

 Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Кӯшониён ба Pressa.tj гуфтанд, ки иқдоми мавриди назар дар асоси дастур ва супориши Роҳбарияти олии кишвар  30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст.

Супоридани туҳфа ва либоси зимистона ба ятимон бо оростани дастархони идона сурат гирифт. Дар ин ҷамъомад, Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён ширкат карда, иштирокчиёнро ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик намуд. Ӯ афзуд, ки дар арафаи ҳар иду ҷашн дастгирӣ ва кӯмак ба ниёзмандон, ятимону бепарасторон ва шахсони маъюб яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии мамлакат аст.

«Дар сиёсати иҷтимоии ҳукумати кишвар дастгирии ин табақа афзалият дорад ва минбаъд низ боқи хоҳад монд. Мо пайваста канори ятимон ва оилаҳои ниёзманд ҳастем», — афзуд вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *