Кӯдакони талбандаро ба интернат супориданд
Дар натиҷаи санҷиши муштараки милитсия ва судҳои шаҳри Душанбе, ҳолати маҷбур сохтани ду кӯдаки хурдсол ба талбандагӣ аз ҷониби модарашон, шаҳрванд Тағоева М. ошкор гардид.
Мақомот муайян карданд, ки номбурда бо мақсади дарёфти манфиати пулӣ фарзандони ноболиғашро ба оворагардию талбандагӣ водор менамуд.
Бо қарори суд, кӯдакон аз модар ҷудо ва ба «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.
Навор дар телеграм-канал
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ