Кӯшишҳо барои мусоидат ба инкишофи фаъолияти тиби хусусӣ

9-уми декабри соли равон бо ташаббуси Маркази тиббии “Насл” ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конфронси миллии илмию амалӣ дар мавзӯи “Фаъолияти хусусии тиббӣ — дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушд” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Шайдулло, роҳбарони марказҳои тиббии хусусии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо иштирок намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қабл аз оғози конфронс намоиши марказҳои тиббии хусусӣ доир гардид, ки иштирокдорон аз он дидан намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи конфронс иброз дошт, ки рушди соҳаи тандурустии кишвар ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди назар ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди фаъолияти хусусии тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо дарназардошти ин  дар даврони Истиқлолият тавассути ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуд. Заминаи ҳуқуқии рушди бахши хусусӣ дар мамлакат мукаммал гардида, шароит фароҳам оварда шуд, то фаъолияти хусусиии тиббӣ рушд ва тавсеа ёбад. Дар ин замина, шаҳрвандон ба хизматрасониҳои муосири тиббии босифат ҳамаҷониба дастрасӣ пайдо намуданд. Ва ҳамин тавр фаъолияти хусусии тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардид”,- қайд намуд номбурда.

— Зикр гардид, ки айни ҳол бо мақсади мусоидат намудан ба инкишофи фаъолияти тиби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиби хусусӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома дар бораи комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ карда шудаанд, ки дастури рўимизии ҳар як субъекти фаъолияти хусусии тиббӣ ба ҳисоб мераванд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *