КҲФ: Дар роҳҳо эҳтиёт шавед!

 Сокинони кишварро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аздаъват кардааст,ки дар чанд рӯзи оянда аз сафар ба мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Ба пешгӯии обуҳавошиносон аз 31 март то 1 апрели соли равон ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ ноустувор гардида, боришот мешавад. Дар баъзе минтақаҳо боронҳои шиддатнок ва пай дар пай, дар манотиқи куҳӣ барфи тар дар назар аст. Таҳдиди баландшавии оби дарёҳои Қизилсу, Оқсу, Обихингоб ва дарёҳое, ки дар қаторкуҳи Ҳисоранд, вуҷуд дорад: “Эҳтимолияти зарар дидан аз раъду барқ низ вуҷуд дорад. Дар роҳҳои куҳӣ эҳтимолияти лағзиши тарма, сангрезаҳо ва омадани сел дар назар аст.

Дар робита, кумита аз аҳолии кишвар хоҳиш кардааст, дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бемаврид ва нозарур аз як минтақа ба минтақаи дигар, бахусус ба манотиқи тармахел ва селрез, рафтан ба шикор ё омода кардани ҳезум, инчунин бурдани корҳои саҳроӣ худдорӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *