Кадом ихтисосҳои ДДФСТ камталабгоранд?
Соли 2024 нақшаи қабул дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 57,5% иҷро шуд. Дар ин бора ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ имрӯз,7 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Баъди қабули қонун дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ҳамаи муассисаҳои олии кишвар ба мушкили норасоии донишҷӯ мувоҷеҳ шуданд. Аз ҷумла мо ҳам. Солҳои гузашта нақшаи қабул 37-40% иҷро мешуд. Имсол мо тарғиботро хуб ба роҳ мондем ва 6 ихтисоси нав кушодем ва дар натиҷа 537 нафар донишҷӯ қабул карда шуданд”,-гуфт Муҳриддин Низомӣ.
Ба иттилои Муҳриддин Низомӣ, довталабон бештар ба ихтисосҳои актёрӣ, журналистика ва китобдорӣ таваҷҷуҳ доранд, вале довталабон дар ихтисосҳои драматургия, хореография, санъатшиносӣ хеле кам ҳастанд.
“Барои мисол дар ихтисоси драматургия ҳамагӣ 1 нафар қабул шуд. Сабаб дар он аст, ки барои таҳсил дар ин ихтисос дониши қавӣ доштан лозим аст. Бинобар ин мо соли равон ду ихтисосро бастем, ки яке бойгонии аудиовизуалӣ асту дигараш кори ноширӣ”,-гуфт Муҳриддин Низомӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ